Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба роҳ мондааст. Тангаҳои хотиравӣ ба ифтихори ҷашни солгарди шахсиятҳои бузурги адабиёти классикии тоҷику форс ва санаҳои муҳимми таърихӣ аз нуқраи холис сикка зада шудаанд.

Аз ҷумла, тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнии зерин сикка зада шудаанд:

1. “600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ” — шоири бузург ва мутафаккири форсу тоҷик.

2. “700-солагии Мир Сайид Али Ҳамадонӣ” — донишманд, файласуф ва шоири форсу тоҷик, шахсияти таърихӣ.

3. “20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” — яке аз санаҳои таърихии давлат, ки нишонаи таҳкими ҳуқуқу озодиҳо ва волоияти қонун дар кишвар мебошад.

4. “90-солагии шаҳри Душанбе” — пойтахт ва маркази фарҳангӣ-иқтисодии Тоҷикистон (дар се шакл) бо тасвирҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

5. “5500-солагии Саразм” — ёдгории таърихи миллати тоҷик дар водии Зарафшон ва рамзи фарҳангии минтақаи бостонии Тоҷикистон.

6. “3000-солагии Ҳисор” — ёдгории таърихи миллати тоҷик дар водии Ҳисор ва рамзи фарҳангии минтақаи бостонии Тоҷикистон.

7. “Бозиҳои Олимпӣ” — чун нишонаи муваффақият ва эътирофи маҳорати варзишии тоҷикон дар арсаи ҷаҳон (дар се шакл) “Ҷаҳиш аз ҷастгоҳ”, “Слалом” ва “Биатлон”.

8. “20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” — санаи ҷашни таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон.

9. “10-солагии Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё” — санаи таърихии паймони равобити иқтисодии кишварҳои минтақа.

10. “Бахшида ба оғози кори НБО-и Роғун” – рӯйдоди барои халқи тоҷик ниҳоят муҳим ва таърихӣ.

 

Аз куҷо метавон дастрас кард?

Бонки миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 23/2;

Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ 168;

Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Б.Ғафуров 32;

Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Н.Ҳакимов 4;

Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Хоруғ, кӯчаи Азизбек 2;

Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳраки Ғарм, кӯчаи И.Сомонӣ 22.

Маълумоти муфассалро оид ба тангаҳои мазкур аз ин ҷо  метавон боргирӣ кард.

Бонки миллии Тоҷикистон дар шарҳи барориши тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ гуфтааст, ки он на танҳо барои коллексионерон, балки муҳаққиқони таърих низ манфиатовар мебошад, зеро дар пайдо намудани маълумоти ҷолиб оид ба таъриху равандҳои иқтисодӣ ва сиёсии давраҳои гуногун, ҷашнҳои миллӣ ё байналмилалӣ ва муаррифии шахсиятҳои бузурги замон кумак менамояд. Тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ дар пур кардани коллексияҳо ва ба самъи ҷомеа расонидани аҳаммияти арзишҳои таърихию фарҳангии кишвар низ нақши муҳим доранд.

Қобили зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон чанд сол боз фурӯши тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба роҳ мемонад. Аз ҷумла, соли 2004 ба ифтихори 80-солагии шаҳри Душанбе ва 10-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006 ба ифтихори 15-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, 2700-солагии Кӯлоб ва Соли тамаддуни ориёӣ, соли 2007 ба ифтихори 800-солагии шоири бузург Ҷалолиддини Румӣ ва соли 2008 ба ифтихори 1150-солагии асосгузори адабиёти форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ сикка зада шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...