“Хонаҳои бесоҳиб”-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он

Як сокини шаҳри Бӯстон бо гумони “фурӯш”-и ғайриқонунии “хонаҳои бесоҳиб” дар шаҳри Истоқлол боздошт шудааст. Мақомот ӯро дар панҷ ҳолати тақаллубкорӣ ба маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ муттаҳам мекунанд. Мушкили хонаҳои бидуни соҳибмулк дар шаҳри Истиқлол, солҳои пеш ҳам расонаӣ шуда буд. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз нафари боздоштшуда Б.А. (мақомот […]

Як сокини шаҳри Бӯстон бо гумони “фурӯш”-и ғайриқонунии “хонаҳои бесоҳиб” дар шаҳри Истоқлол боздошт шудааст. Мақомот ӯро дар панҷ ҳолати тақаллубкорӣ ба маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ муттаҳам мекунанд. Мушкили хонаҳои бидуни соҳибмулк дар шаҳри Истиқлол, солҳои пеш ҳам расонаӣ шуда буд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз нафари боздоштшуда Б.А. (мақомот номи пурраи гумонбарро зикр кардааст, аммо “Азия-Плюс” бо риояи меъёри қонунгузорӣ ва рӯзноманигорӣ то лаҳзаи собит шудани гуноҳ, аз ошкор кардани ҳувияти гумонбар худдорӣ мекунад), сокини 32 солаи шаҳри Бӯстон (Чкалоксвки пешин) ном бурда, гуфтааст, ӯ “худро соҳиби хонаи бесоҳиби шаҳри Истиқлол муаррифӣ карда, даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст”.

Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, зимни барномаи “Милитсия хабар медиҳад” зикр кард, ки Б.А. дар  маҳаллаи якуми шаҳри Истиқлол хонаҳое, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда соҳибмулкони худро доштанд, аз они худ вонамуд карда, ба мардум фурӯхтааст.

Дар ин барнома зикр мешавад, ки Б.А. “бо баҳонаи аз як ҳафта то ду- се моҳ ҳуҷҷатҳояшро баррасӣ кардан, аз харидорони фандхӯрда маблағҳои гуногун ба даст овардааст”.

Аз ҷумла, таъкид мегардад, ки як марди 31 сола, сокини ноҳияи Деваштич ба Б.А. барои хариди хонае дар шаҳри Истиқлол 123,5 ҳазор сомонӣ додааст.

Ҳамчунин, як зани 54 сола аз ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфара ба Б.А. 35 ҳазор сомонӣ додааст.

Худи Б.А. дар навор мегӯяд, хонаҳои фарсудаю бекорхобиро ҳадаф қарор дода, ба харидорон нишон медодааст ва бо ваъдаи ҳуҷҷатгузорӣ маблағи онҳоро гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф мекардааст.

Аммо дар кадом шароит ин навор сабт шудааст, номаълум аст.

Дар барнома зикр мешавад, ки аксари ҳолатҳои фурӯши хонаҳо дар шаҳри Истиқлол аз ҷониби Б.А. асосан дар соли 2022 сабт шудааст.

То ин лаҳза, ба қавли Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, 5 ҳолати қаллобии Б.А. ба маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ ошкор шудааст. Ва нисбати Б.А. бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, худи ӯ дар ҳасби пешакӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, ки мақомоти дахлдори шаҳри Истиқлол соли гузашта гуфтанд, зимни як санҷиш беш аз 50 хонаи бидуни соҳибмулк ё беназоратро ошкор кардаанд. Он замон раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода гуфта буд, ки агар қарори суд содир шавад ин манзилҳо ба ниёзмандоне,  ки дар навбат истодаанд, дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.