НАВШУДА. Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд

Рӯзҳои 21 ва 28-уми январи соли 2025 сокинони дунё шоҳиди дар як саф қарор гирифтани сайёраҳо хоҳанд шуд. Рӯзи 28-уми январ 7 сайёра дар як саф қарор мегиранд. Дар ин бора сомонаи  Starwalknews  хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, рӯзи 21-уми январ 6 сайёра – Муштарӣ, Уторид, Миррих, Зуҳал, Уран ва Нептун дар як қатор саф мекашанд. […]

Рӯзҳои 21 ва 28-уми январи соли 2025 сокинони дунё шоҳиди дар як саф қарор гирифтани сайёраҳо хоҳанд шуд. Рӯзи 28-уми январ 7 сайёра дар як саф қарор мегиранд. Дар ин бора сомонаи  Starwalknews  хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 21-уми январ 6 сайёра – Муштарӣ, Уторид, Миррих, Зуҳал, Уран ва Нептун дар як қатор саф мекашанд. Рӯзи 28-уми январ 7 сайёра – Муштарӣ, Уторид, Миррих, Зуҳал, Уран, Нептун ва Зуҳра (Ноҳид) дар як хат ба ҳам меоянд.

Аммо, Анвар Бӯризода, директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо дар сӯҳбат бо “Азия‑Плюс” гуфт, ки дар як қатор саф кашидани сайёраҳо дар 200 сол як маротиба иттифоқ меафтад.

Баъдтар ӯ ин гуфтаи худро ба таври зайл шарҳ дод: “Дар 100-200 сол як маротиба рух додани сафкашии сайёраҳо, дар як хати рост, нисбат ба якдигар тахти кунҷи ба 0 дараҷа  наздик рух медиҳад. Масалан, чунин ходиса соли 1982 рух дода буд ва чунин ҳодисаи навбатӣ дар назар аст, ки соли 2161 иттифоқ биафтад. Дар дигар ҳолатҳо сафкашии сайёраҳо бо тафовути кунҷҳои аз 20 то 30  дараҷа сурат мегирад".

Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзҳои 21-25-уми январ сокинон метавонанд бархе аз сайёраҳоро бо чашм бубибанд.

“Чор сайёра – Миррих, Муштарӣ, Уторид ва Зуҳалро, ки сайёраҳои калон ҳастанд, бидуни дурбини астрономӣ дидан мумкин  аст. Сайёраи Нептун ва Уранро танҳо бо ёрии дурбини астрономӣ мушоҳида  кардан мумкин аст”, – гуфт Бӯризода.

Анвар Бӯризода афзуд, ки падид омадани сайёраҳо ҳодисаи маъмули табиӣ аст ва дар як сол чандин маротиба иттифоқ меафтад. Ӯ таъкид кард, ки сокинони Тоҷикистон имкон доранд, ки баъди ғуруби офтоб чор сайёраро пароканда бубинанд.

Таъсири ин падида ба инсон ва табиат аз тарафи олимони соҳа ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст. Баъзе аз нуҷумшиносон иддао мекунанд, ки он ба ҷисму саломатии баъзе одамон метавонад таъсири манфӣ расонад.

Дар ҳамин ҳол мутахасиси тоҷик ин иддаоро рад карда, гуфт, ки ба организми инсон ва иқлим таъсири назаррасе намерасонад.

“Он воқеаҳое, ки дар кайҳон рух медиҳанд ба тағйирёбии иқлим рабт надоранд. Ин ҳодисаҳо ба Замин ва организми инсон ягон хатар надоранд”, – зикр кард Бӯризода.

Ёдовар мешавем, ки қаблан рӯзи 3-юми июни соли ҷорӣ 6 сайёра – Муштарӣ, Уторид, Миррих, Зуҳал, Уран ва Нептун дар як саф ба ҳам омаданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.