ҲАМОС ва Исроил барои оташбас дар Ғазза мувофиқа кардаанд

Расонаҳо навиштаанд, ки ҲАМОС ва Исроил пас аз 15 моҳи ҷанг дар Ғазза барои поён додани он ва озодии гаравгонҳо ба мувофиқа расидаанд. Ба гуфтаи расонаҳо, Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон, нахуствазири Қатар гуфтааст, ки ба шарте, ки ҳукумати Исроил ба оташбас розӣ шавад, он аз рӯзи якшанбе, 19-уми январ ба иҷро медарояд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, […]

Asia-Plus

Расонаҳо навиштаанд, ки ҲАМОС ва Исроил пас аз 15 моҳи ҷанг дар Ғазза барои поён додани он ва озодии гаравгонҳо ба мувофиқа расидаанд.

Ба гуфтаи расонаҳо, Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон, нахуствазири Қатар гуфтааст, ки ба шарте, ки ҳукумати Исроил ба оташбас розӣ шавад, он аз рӯзи якшанбе, 19-уми январ ба иҷро медарояд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико низ бо эъломи хабари мувофиқа барои оташбас изҳор доштааст, ки ин тавофуқ ҷанг дар Ғаззаро қатъ карда, гаравгонҳо озод мешаванд.

Ҳанӯз тафсилоти ин тавофуқ эълон нашудааст, вале расонаҳо навиштаанд, ки дар сурати ниҳоӣ шудан, он се марҳиларо дар бар хоҳад гирифт.

Марҳилаи якуми оташбас қарор аст 42 рӯз (6 ҳафта) давом кунад. Дар ин муддат бояд ивази гаравгонҳо сурат гирифта, сарбозони исроилӣ тадриҷан аз Навори Ғазза хориҷ шаванд ва ворид шудани ҳаҷми бештари кумакҳои башардӯстона ба ин қаламрав иҷоза дода шавад.

Ёдрас мешавем, ки ҷанг дар Ғазза беш аз як сол аст, ки ҷараён дорад. Ин ҷанг нимаи моҳи октябри соли гузашта баъди ҳамлаи Ҳамос ба Исроил, ки ба кушта шудани наздики 1200 нафар ва гаравгон гирифтани 250 каси дигар боис шуд, оғоз гардид.

Баъди он Исроил ба Ғазза ҳамла кард. Масъулини беҳдошти Ғазза мегӯянд, ки сар аз 7-уми октябр то инҷониб дар натиҷаи таҷовузи Исроил ба Ғазза беш аз 47 ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон, кушта ва наздики 105 ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.