“Тоҷикистону Эрон ба ҳам ниёз доранд”. Таҳлилгари тоҷик пасманзари сафари Пизишкиён ба Душанберо шарҳ дод

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Сафари давлатии раиси ҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон, мулоқот ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, имзои 23 санади ҳамкорӣ, ба қавли таҳлилигари тоҷик, дар шароите сурат мегирад, ки ҷумҳурии исломӣ дар натиҷаи таҳаввулоти Ховари Миёна ва таҳримҳои давлатҳои ғарбӣ ба ҷустуҷӯи шарикони нав баромадааст.

 

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна?

Таҳлилгари тоҷик Қосим Бекмуҳаммад мегӯяд, беҳбуди равобити Душанбеву Теҳрон аз соли 2019 оғоз шуда, акнун бо сафари раиси ҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён беш аз пеш суръат хоҳад гирифт.

Ӯ мегӯяд, “дар ҳошияи ин сафар чанде аз ниҳодҳои эронӣ дар Тоҷикистон бозкушоӣ шуд, ки нишони боз ҳам беҳтар шудани равобит гуфта метавонем”.

Аммо Қосим Бекмуҳаммад сабаби таваҷҷӯҳи Эрон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа ба Тоҷикистонро чунин шарҳ медиҳад: “Вазъияте, ки ҳоло дар Ғарби Осиё ё худ дақиқтар дар Ховари Миёна ҳоким аст, эҳтимоли шиддат гирифтани таҳримҳои Ғабр алайҳи Эронро зиёд мекунад. Ин вазъ боиси он шудааст, ки Эрон ба кишварҳои шарқӣ, ба вижа ба Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кунад.

“Бо ин эҳтимолот Теҳрон ногузир аст, ки ҳамкориҳоро ба кишварҳои шарқӣ ва осиёӣ, ба вижа Тоҷикистон тақвият бахшад. Нигоҳи мусбат ба Осиёи Марказӣ, хосатан ба Тоҷикистон заминасози ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои мухталиф шуда метавонад”, – мегӯяд коршиноси тоҷик.

Қосим Бекмуҳаммад мегӯяд, “имзои 23 санади ҳамкорӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ва имзои 13 санади иқтисодиву тиҷорӣ нишондиҳандаи иродаи ду тараф ба таҳким ва густариши ҳамкориҳост”.

Ба гуфтаи таҳлилгар, ниёзҳои мутақобили ду кишвар боиси тақвияти равобит, аз ҷумла лағви раводид ва содасозии расмиёти гумрукӣ шудааст.

 

Тоҷикистону Эрон дар кадом самтҳо ҳамкориро тақвият медиҳанд?

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон метавонад аз зарфиятҳои илмӣ, фаннӣ ва иқтисодии Эрон баҳра барад, дар ҳоле ки Эрон ба шарики боэътимод дар Осиёи Марказӣ ниёз дорад.

Имрӯз чаҳор муассисаи бузурги илмии Тоҷикистон бо Пажӯҳишгоҳи муҳандисии генетика ва биотехнологияи Эрон созишнома имзо карданд. Ин дар ҳолест, ки таҳримҳо имкони ҳамкории Эронро бо марказҳои илмии Ғарб маҳдуд кардаанд.

Дар бахши иқтисод таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди нақлиёт ва транзит тавассути бандари Чобаҳор равона шудааст. Ин бандар барои Тоҷикистон роҳи баромад ба баҳр ва барои Эрон имкони густариши нуфуз дар Осиёи Марказӣ фароҳам меорад.

Ҳамзамон, ҳамкории гумрукӣ ва тиҷоратӣ метавонад ба коҳиши таъсири таҳримҳо ба иқтисоди Эрон мусоидат кунад.

Бозкушоии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар Душанбе пас аз 6 соли таваққуф низ рӯйдоди рамзист. Ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ низ ҷолиби таваҷҷуҳ аст.

Дар шароите ки ширкатҳои ғарбӣ бо Эрон ҳамкорӣ намекунанд, Теҳрон метавонад таҷриба ва технологияҳои худро ба Тоҷикистон интиқол диҳад. Ин ҳам ба рушди соҳа дар Тоҷикистон мусоидат мекунад ва ҳам ба Эрон имкони густариши бозори маҳсулоти технологӣ медиҳад.

Қарордодҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҳамкории марказҳои хун ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи тиб нишон медиҳад, ки ҳамкориҳо фаротар аз сиёсату иқтисод мераванд. Эрон, ки дар соҳаи тиб ва дорусозӣ пешрафтҳои назаррас дорад, метавонад ба рушди тибби Тоҷикистон мусоидат кунад.

Дар маҷмуъ, таҳкими равобити Теҳрону Душанбе нишон медиҳад, ки ҳарду кишвар дар шароити мураккаби байналмилалӣ ба ҳамкории наздик манфиатдоранд. Барои Эрон ин роҳи коҳиши таъсири таҳримҳо ва ёфтани шарикони нав аст, барои Тоҷикистон бошад – имкони истифода аз зарфиятҳои илмӣ, фаннӣ ва иқтисодии ҳамсояи ҷанубӣ.

 

Самтҳои асосии ҳамкорӣ

Таҳлили санадҳои имзошуда нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои Тоҷиикистону Эрон дар самтҳои зерин тақвият хоҳанд ёфт:

1. Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ

  • Рушди транзити бор тариқи бандари Чобаҳор;
  • Ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;
  • Тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳӣ;

2. Илм ва технология

  • Ҳамкории донишгоҳҳо дар соҳаи генетика ва биотехнология;
  • Рушди технологияҳои иттилоотӣ ва рақамӣ;
  • Табодули таҷриба дар соҳаи омор ва стандартизатсия;

3. Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

  • Ҳамкорӣ дар соҳаи тиб ва интиқоли хун;
  • Дастгирии гурӯҳҳои осебпазир;
  • Мубодилаи таҷриба дар соҳаи беҳдошти чорво;

4. Фарҳанг ва маориф

  • Бозкушоии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ;
  • Ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои миллӣ;
  • Табодули таҷриба дар соҳаи бойгонӣ ва китобдорӣ;

5. Иҷтимоӣ ва фарҳангӣ

  • Ҳамкорӣ дар соҳаи ҳунарҳои миллӣ;
  • Ҳамкорӣ дар масоили занон ва оила;

Ҳама санадҳои имзошударо дар хабари зерини “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Ёдовар мешавем, ки Масъуд Пизишкиён шоми дирӯз, 15-уми январ, бори аввал ба Тоҷикистон омад ва сафари ӯ ду рӯз давом хоҳад кард. Ӯ рӯзи 17-уми явар аз Душанбе ба Маскав меравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...