Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон

Гурӯҳи “Толибон”*, ки ҳоло амалан дар Афғонистон ҳукмронӣ мекунанд, ду узви гурӯҳи худро бо гумони интиқоли беш аз 880 кг маводи мухаддир ба Тоҷикистон боздошт кардаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ”-и Афғонистон бо такя ба манбаъҳои худ аз вилояти Тахори Афғонистон хабар додааст. Манбаъ навиштааст, ки боздоштшудаҳо қасд доштаанд маводи мухаддирро тариқи нуқтаи марзии ноҳияи […]

Гурӯҳи “Толибон”*, ки ҳоло амалан дар Афғонистон ҳукмронӣ мекунанд, ду узви гурӯҳи худро бо гумони интиқоли беш аз 880 кг маводи мухаддир ба Тоҷикистон боздошт кардаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ”-и Афғонистон бо такя ба манбаъҳои худ аз вилояти Тахори Афғонистон хабар додааст.

Манбаъ навиштааст, ки боздоштшудаҳо қасд доштаанд маводи мухаддирро тариқи нуқтаи марзии ноҳияи Янги-Қалъа ва вилояти Хатлон (ноҳияи Ҳамадонӣ, – идора) ба Тоҷикистон баранд.

Гуфта мешавад, ин ду тан кормандони мудирияти мубориза бо  маводи мухаддири гурӯҳи “Толибон” буда, дар Янги-Қалъаи Афғонистон дастгир ва ба маркази вилояти Тахор бурда шудаанд.

Ҷузъиёти дигари ин ҳодиса ва номи боздоштшудаҳо маълум нест. “Толибон” то ҳол дар ин бора расман хабар надодаанд.

Рӯзномаи “8-и субҳ” бо такя ба манбаъҳояш гуфтааст, аз 883 кг маводи мухаддире, 100 кг марихуана (чарс), 50 кг афюн (тарёк) ва 683 кг ҳероин будааст. Маълум нест, ки 50 кг дигар чӣ навъ маводи мухаддир будааст. Аз онҳо ҳамчунин як мошини навъи “Land Cruiser” мусодира шудааст.

Ин расона навиштааст, ки бо вуҷуди он ки “Толибон” иддао мекунанд дар Таххор бо интиқоли маводи мухаддир мубориза мебаранд, вале то кунун ноҳияи Янги-Қалъа яке аз роҳҳои аслии қочоқи маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, “Толибон” пас аз дигарбора ба сари қудрат баргаштан дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 борҳо иддаъо карданд, ки пас аз ҳокимиятро ба даст гирифтанашон кишт ва интиқоли маводи мухаддир кам шудааст. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин гуфтаҳо бовар надорад ва баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикисон борҳо аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон пас аз ҷилави қудратро ба даст гирифтани Толибон дар ин кишвар нигаронӣ кардаанд.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ ҳатто худи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  дар нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи сентябри соли 2023 дар Душанбе аз афзоиши интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон баъди ба қудрат расидани гуруҳи “Толибон” ҳарф задааст.

Ӯ дар нишасти мазкур гуфтааст, ки мақомоти қудратии кишвар танҳо соли 2022 дар марз бо Афғонистон ҳудуди панҷ тонна маводи мухаддирро мусодира намудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021-ум 22% зиёд будааст.

Ҳамчунин, тибқи маълумоти Оҷонсии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон тақрибан 3,1 тонна маводи мухаддири дар Афғонистон истеҳсолшуда мусодира шудааст, ки ин 619 кг (25%) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 будааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.