“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид

Соли 2025 барои таҳсил дар хориҷи кишвар ба ҷавонони тоҷик 170 стипендияи президентии “Дурахшандагон” пешниҳод гардид. Дар ин бора Тоҷиддини Баҳриддин, муовини директори Маркази барномаҳои байналмилалии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ӯ таъкид кард, ки ҳар сол шумораи довталабон барои таҳсил тариқи квотаи президентӣ афзоиш меёбад. “Агар соли 2022 ҳамагӣ 73 квота пешниҳод шуда бошад, […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Соли 2025 барои таҳсил дар хориҷи кишвар ба ҷавонони тоҷик 170 стипендияи президентии “Дурахшандагон” пешниҳод гардид. Дар ин бора Тоҷиддини Баҳриддин, муовини директори Маркази барномаҳои байналмилалии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ӯ таъкид кард, ки ҳар сол шумораи довталабон барои таҳсил тариқи квотаи президентӣ афзоиш меёбад.

“Агар соли 2022 ҳамагӣ 73 квота пешниҳод шуда бошад, пас дар соли 2023 ин шумора ба 94 ва дар соли 2024 ба 130 адад расид”, – гуфт ӯ.

 

Ин чӣ гуна стипендия аст?

“Дурахшандагон” ба шаҳрвандони болаёқату боистеъдооди Тоҷикистон барои таҳсил ва коромӯзии мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ таъин карда мешавад. Он инфиродӣ буда, ҳамасола аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар муқаррар карда мешавад.

Номгӯи касбу ихтисосҳо заруриро барои ҷумҳурь Вазорати рушди иқтисод муайян мекунад. Стипендия аз ҳисоби Фонди махсуси президенти Тоҷикистон пардохт мешавад.

Қабули ҳуҷҷатҳо барои квотаи президентии “Дурахшандагон” аз моҳи ноябри соли 2024 оғоз шудааст. Довталабон тариқи ин барнома метавонанд дар зинаҳои гуногун, бакалавриат, магистратура, аспирантура ва докторантура таҳсил кунанд.

Қаблан аз Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба “Азия-Плюс” номгӯи ҳуҷҷатҳои лозимаро пешниҳод карда буданд, вале миқдори довталабони бо ин стипендия қабулшаванда ва номгӯи ихтисосҳо ҳанӯз маълум набуд.

 

Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?

Ба иттилои намояндаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ номгӯйи ҳуҷҷат барои донишгоҳҳои кишварҳои гуногун фарқ мекунад. Вале ин марказ барои сабук сохтани кори довталабон рӯйхати ҳуҷҷатҳои ягонаро тартиб додааст, ки ин феҳристро дар зер меорем:

– Нусхаи шиносномаи довталаб ва волидайн;

– Маълумотнома дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ;

– Маълумотномаи тиббӣ 038 (068);

– Маълумотномаи наркологӣ;

– Маълумотномаи ҳолати равонӣ (аз беморхонаи бемориҳои равонӣ);

– Маълумотнома дар бораи олуда набудан ба Вируси норасоии масъунияти одам (ВИЧ/СПИД);

– Тавсифномаи мақомот ё ташкилот (характеристика аз ҷойи таҳсил, кор ва ғайра);

– Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот барои идомаи таҳсил аз рӯйи зинаи таҳсилоти интихобшуда (табели баҳо, аттестати таҳсили миёнаи пурра, диплом);

– Расид бо 120 сомонӣ аз “Амонатбонк”;

Сертификат (IELTS, TOEFL, DUALINGO, GOETHE, H&C);

– 1 дона расми 3/4.

Гуфта мешавад, ки маркази барномаҳои байналмилалӣ бо зиёда аз 40 донишгоҳ дар 184 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ мекунад. Аз ҷумла дар донишгоҳҳои давлатҳои Русия, Чин, Қазоқистон, ИМА ва дигар кишварҳои Аврупо донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.

Бояд гуфт, дар панҷ соли охир – солҳои 2019-2024 тибқи стипендияи президентии “Дурахшандагон” 71 донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсилро ба охир расониданд.

Бо тартиби қабул ва номгӯйи санадҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа дар ин мавод мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.