Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Аз муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” ба “Азия-плюс” иттилоъ доданд, ки қабули ҳуҷҷат барои таҳсил дар донишгоҳҳои давлатҳои хориҷа шуруъ шуд. Маълум кардем, ки кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд ва тартиби қабул чӣ гуна аст?

Гуфта мешавад, ки довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии 184 давлати дунё дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура, докторантура ва коромӯз аз рӯйи ихтисосҳои гуногун метавонанд таҳсил кунанд.

Миёни давлатҳо Амрико, Русия, Беларус, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва ғайра ҳастанд.

 

Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?

Ба иттилои намояндаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ номгӯйи ҳуҷҷат барои донишгоҳҳои кишварҳои гуногун фарқ мекунад. Вале ин марказ барои сабук сохтани кори довталабон рӯйхати ҳуҷҷатҳои ягонаро тартиб додааст, ки ин феҳристро дар зер меорем:

– Нусхаи шиносномаи довталаб ва волидайн;

– Маълумотнома дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ;

– Маълумотномаи тиббӣ 038 (068);

– Маълумотномаи наркологӣ;

– Маълумотномаи ҳолати равонӣ (аз беморхонаи бемориҳои равонӣ);

– Маълумотнома дар бораи олуда набудан ба Вируси норасоии масъунияти одам (ВИЧ/СПИД);

– Тавсифномаи мақомот ё ташкилот (характеристика аз ҷойи таҳсил, кор ва ғайра);

– Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот барои идомаи таҳсил аз рӯйи зинаи таҳсилоти интихобшуда (табели баҳо, аттестати таҳсили миёнаи пурра, диплом);

– Расид бо 120 сомонӣ аз “Амонатбонк”;

– Сертификат (IELTS, TOEFL, DUALINGO, GOETHE, H&C);

– 1 дона расми 3/4.

Довталабон ин ҳуҷҷатҳоро омода карда, ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ ҳозир шуда, дар пурсишномае, ки ин марказ пешниҳод мекунад, маълумоти шахсӣ, маълумот дар бораи донишгоҳи интихобшуда ва маълумот дар бораи волидайнашонро ворид мекунанд. Довталабро лозим аст, ки номи донишгоҳ, давлат ва зинаи таҳсили интихобкардаашро  зикр кунад.

Баъди қабули ҳуҷҷатҳо донишгоҳҳои хориҷа ба маркази мазкур шакл ва замони қабули имтиҳонро маълум мекунанд ва марказ тариқи рақамҳои тамос, ки довталаб дар пурсишнома ҳангоми супоридани ҳуҷҷат зикр мекунад, як-ду ҳафта пеш онҳоро огоҳ мекунад. Довталабонро зарур аст, ки дар замони зикршуда ба маркази барномаҳои байналмилалӣ ҳозир шуда, имтиҳон супоранд. Шакли супоридани имтиҳон метавонад ба таври ҳузурӣ ва ё онлайн сурат гирад.

Аз маркази барномаҳои байналмилалӣ гуфтанд, айни замон маълум нест, кадом донишгоҳ чанд донишҷӯ аз Тоҷикистон қабул мекунад.

Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 (рӯ ба рӯи Алиф Сармоя) ва дар шаҳри Хуҷанд дар Раёсати маорифи вилояти Суғд, воқеъ дар кӯчаи Шарқ 29 ҷойгир шудааст. Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба ин ду марказ супоранд.

Гуфта мешавад, Маркази барномаҳои байналмилалӣ айни замон барои таъсиси намояндагӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб корбарӣ мекунад.

 

"Дурахшандагон"

Довталабон барои таҳсил тариқи стипендияи президентии “Дурахшандагон” низ тавассути ин марказ ҳуҷҷат ва имтиҳон месупоранд. Вале ҳанӯз миқдори довталабони бо ин стипендия қабулшаванда ва номгӯи ихтисосҳо маълум нест. Гуфта мешавад, вазорати рушди иқтисод ва савдо дархостҳои ҳамаи вазоратҳоро ҷамъ карда, ба ҳукумати кишвар пешниҳод мекунад ва ҳукумат миқдору ихтисосҳоро муайян ва ба маркази барномаҳои байналмилалӣ ирсол мекунад. Ҳоло ин масъала дар раванди корбарӣ қарор дорад.

Қаблан аз ин марказ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода буданд, ки дар соли 2024 бурсияҳо барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои зерин пешниҳод шудаанд: Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Туркманистон, Озарбойҷон, Маҷористон (Венгрия), Швейтсария, Корея, Белгия, Мексика, Малайзия, Кувайт, Тайланд, Уммон, Ҷопон, Марокаш, Арабистони Саудӣ, Ироқ, Қатар, Миср, Туркия, Эрон, Покистон, Чин ва Кипр.

Қабули ҳуҷҷат барои стипендияи “Дурахшандагон” низ оғоз шудааст, танҳо довталабон ҳангоми пур кардани маълумотнома ҷойи ихтисосро холӣ мегузоранд.

Бояд гуфт, ба иттилои Вазорати маорифи кишвар зиёда аз 41,2 ҳазор ҷавонони тоҷик айни замон дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Аз ҷумла, тариқи стипендияи “Дурахшандагон” барои соли хониши 2024-2025 барои таҳсил дар муасиссаҳои таълимии олии кишварҳои хориҷӣ 130 нафар тавсия шуда буданд ва 80 нафари онҳо ба донишгоҳҳо қабул шуда айни замон таҳсил доранд.

Ба сегонаи аввале, ки бештари донишҷӯёни тоҷикро ба  омӯзиш фаро гирифтааст, Русия бо 33 ҳазору 178 нафар, Чин бо 2 ҳазору 900 донишҷӯ ва Қазоқистон бо 970 донишҷӯ шомил аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...