Таҳсил бо квотаи президентӣ дар хориҷ. Чанд донишҷӯ таҳсил карду чанд нафар ба Тоҷикистон баргашт?

Дар зарфи 5 сол тибқи стипендияи президентии “Дурахшандагон” 71 донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсилро ба охир расониданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз МД “Маркази барномаҳои байнулмилалӣ” хабар доданд. Ҳамаи онҳо ба ватан баргашта, дар вазорату идораҳои гуногун машғули коранд”, – гуфтанд дар ин Марказ. Ин чӣ гуна стипендия аст? Стипендияи Дурахшандагон ба шаҳрвандони […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар зарфи 5 сол тибқи стипендияи президентии “Дурахшандагон” 71 донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсилро ба охир расониданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз МД “Маркази барномаҳои байнулмилалӣ” хабар доданд.

Ҳамаи онҳо ба ватан баргашта, дар вазорату идораҳои гуногун машғули коранд”, – гуфтанд дар ин Марказ.

Ин чӣ гуна стипендия аст?

Стипендияи Дурахшандагон ба шаҳрвандони болаёқату боистеъдооди Тоҷикистон барои таҳсил ва коромӯзии мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ таъин карда мешавад.

Стипендияи “Дурахшандагон” инфиродӣ буда, ҳамасола аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар муқаррар карда мешавад.

Номгӯи касбу ихтисосҳо заруриро барои ҷумҳурӣо Вазорати рушди иқтисод муайян мекунад. Стипендия аз ҳисоби Фонди махсуси президенти Тоҷикистон пардохт мешавад.

Солҳои 2020-2021 бар асари пандемияи COVID-19 ҳеҷ яке аз довталабон барои таҳсил ба хориҷа фиристода нашуд.

“Дар солҳои 2022-2023 барои таҳсил дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илимии кишварҳои хориҷӣ 167 довталаб интихоб шуданд: 92 бакалавр, 14 магистр, 8 аспирант, 2 докторант, 48 ординаторҳои дармонгоҳ ва 3 интерн”, – гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Маркази мазкур

Гирандагони стипендияи “Дурахшандагон” дар кадом кишварҳо таҳсил мекунанд?

Аз теъдоди зикршуда 117 нафар донишҷӯён барои таҳсил ба 10 кишвари зерин фиристода шуданд:

Русия – 47 нафар

ИМА – 16 нафар

Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ – 37 нафар

Олмон – 4 нафар

Амороти Муттаҳидаи Араб – 6 нафар

Швейтсария – 1 нафар

Италия – 3 нафар

Сингапур – 1 нафар

Беларус – 1 нафар

Ӯзбекистон – 1 нафар

Боз 5 нафар аз онҳо дар ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Британияи Кабир ва Канада таҳсил мекунанд. Айни замон онҳо сертификатҳои байнулмилалӣ, даъватнома ва раводидро мунтазир буда, ҳамчунин аз давраҳои омодагӣ мегузаранд.

“Ин аз ним сол то як сол вақтро гирифта метавонад. Дар ин вақт ҷойҳои онҳо дар макотиби олии интихобгардида боқӣ монда, лекин барои муваффақона дохил шудан, анҷоми ҳамаи расмиёти зарурӣ ва ба талабот мувофиқ шудан лозим аст”, – шарҳ доданд дар Марказ.

Дар соли хониши 2024-2025 тариқи стипендияи “Дурахшандагон” 130 нафар довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии олиии кишварҳои хориҷӣ тавсия дода шуданд.

Довталабон, тибқи маълумоти Марказ, метавонанд дар зиёда аз 100 мактабҳои олӣ (донишгоҳҳо) дар кишварҳои зикршуда таҳсил кунанд, лекин бисёре аз онҳо мехоҳанд, ки дар макотиби олии маъруф (ТОП), ба мисли 10-гонаи беҳтарин ё 50-гонаи беҳтарин таҳсили илм кунанд.

Барои ин онҳоро лозим аст, ки ба талаботу шартҳои муайяни аз ҷониби макотиби олӣ муқарраргардида мувофиқат кунанд, аз ҷумла, баҳоҳои аъло ва сертификатҳои байнулмилалӣ аз қабили TOEFL ё IELTS дошта бошанд.

Дар бисёре аз донишгоҳҳои Аврупо ва Амрико таълим бо забони англисӣ мегузарад. Мувофиқи радабандӣ (рейтинг)-и The Times 2019, аз 100 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон 57-тоашон дар се кишвар ҷойгир шудаанд: ИМА(15), Британияи Кабир (60) ва Канада (5). Талаботи умумӣ барои дохил шудан ба ин донишгоҳҳо доштани сертификати тестҳо аз забони TOEFL, IELTS, DUOLINGO ва GMAT мебошад.

“Хушбахтона, 80 нафар довталабон ба ин донишгоҳҳо қабул ва донишҷӯ шуданд”, – гуфт як манбаъ аз МД “Маркази барномаҳои байнулмилалӣ”.

Боқимонда 50 нафар довталабон дар марҳилаи анҷоми расмиёти зарурии ҳуҷҷатҳо (тайёр кардани сертификатҳои байнулмилалӣ, даъватнома ва раводид ба кишварҳои Аврупо ва Амрико) қарор доранд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти манбаъ, дар доираи созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ҳамасола шаҳрвандони ҷумҳурӣ имкон пайдо мекунанд, ки тибқи квотаҳои аз ҷониби дигар кишварҳо пешниҳодшуда дар хориҷи кишвар таҳсил кунанд.

Кадом кишварҳо ин квотаҳоро медиҳанд?

Соли 2024 квотаҳо барои таҳсили шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз кишварҳои зерин пешниҳод шуданд: Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Туркманистон, Озарбойҷон, Маҷористон (Венгрия), Швейтсария, Корея,

Белгия, Мексика, Малайзия, Кувейт, Таиланд, Уммон, Ҷопон, Марокаш, Арабистони Саудӣ, Ироқ, Қатар, Миср, Туркия, Эрон, Покистон, Чин, Кипр.

Тавре ки қаблан ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар дода буданд, айни замон дар 20 кишвари ҷаҳон 41 ҳазору 232 довталабон аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Теъдоди аз ҳама бештари онҳо (33 ҳазору 178 нафар) дар Русия таҳсил доранд. Ба сегонаи аввали кишварҳо Чин (2 ҳазору 900 нафар) ва Қазоқистон (970 нафар) шомиланд.

Теъдоди донишҷӯён дар дигар кишварҳо тариқи зайл аст:

Туркия – 900 донишҷӯ

Беларус – 802 донишҷӯ

Ҳиндустон – 675 донишҷӯ

Ӯзбекистон – 504 донишҷӯ

Малайзия – 420 донишҷӯ

Олмон – 125 донишҷӯ

Маҷористон (Венгрия) – 110 донишҷӯ

Чехия – 94 донишҷӯ

Лаҳистон (Полша) – 81 донишҷӯ

Озарбойҷон – 70 донишҷӯ

Фаронса – 61 донишҷӯ

Эрон – 54 донишҷӯ

Амороти Муттаҳидаи Араб – 49 донишҷӯ

Ҷопон – 47 донишҷӯ

Қатар – 32 донишҷӯ

Арабистони Саудӣ – 38 донишҷӯ

Британияи Кабир – 18 донишҷӯ

Кишварҳои Бенилюкс (Белгия, Нидерланд, Люксембург)  – 10 донишҷӯ

Гурҷистон – 4 донишҷӯ

Туркманистон – 4 донишҷӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.