Ҳашари якҷояи сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон

Сокинони минтақаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон якҷо барои тоза кардани қаламрави гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ ҳашар баргузор карданд. Дар ин бора Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати Исфара ба "Азия-Плюс" хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ беш аз 400 нафар иштирок кардаанд. Дар доираи ҳашар  сокинони наздимарзии ду кишвар ба поккории роҳҳо ва ҷӯйборҳои […]

Сокинони минтақаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон якҷо барои тоза кардани қаламрави гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ ҳашар баргузор карданд. Дар ин бора Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати Исфара ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ беш аз 400 нафар иштирок кардаанд.

Дар доираи ҳашар  сокинони наздимарзии ду кишвар ба поккории роҳҳо ва ҷӯйборҳои минтақаи гузаргоҳи байни "Гулистон"-и Исфара ва "Қизил-Бел"-и Ботканд аз партов ва лой машғул шуданд.

Зубайдулло афзуд, ки техникаҳо аллакай кори ҳамворкунии роҳро оғоз кардаанд ва дар рӯзҳои наздик асфалтпӯшкунӣ шурӯъ мешавад.

Зикр шуд, ки пас аз анҷоми поксозӣ сокинони ҳарду ноҳия якҷоя хӯроки нисфирӯзӣ ва "оши дӯстӣ" тановул кардаанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи декабри соли гузашта намояндагони расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар доданд, ки муайянкунии сарҳади давлатӣ байни кишварҳо ба анҷом расида, гурӯҳҳои корӣ раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии таъйини марзро оғоз кардаанд.

Ин рӯйдодро сокинони минтақаҳои назди марзии ҳарду кишвар зиёда аз 20 сол интизор буданд. Гуфтушунидҳо оид ба муқаррар кардани хатти сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳанӯз соли 2003 оғоз гардида, лекин то соли 2022 бо танаффусҳои тӯлонӣ ва ғайримунтазам ҷараён доштанд. Аз 972 километр масофаи умумии сарҳад он замон ҳамагӣ каме бештар аз 50%-и он муайян шуда буд.

Бо сабаби мавҷудияти қитъаҳои зиёди баҳсӣ дар сарҳади байни ду кишвар низоъҳои зиёде вобаста ба истифодаи об, замин, роҳ ва чарогоҳҳо ба миён меомаданд, ки баъзан низомиён низ дар онҳо ширкат мекарданд. Соли 2021 ду задухӯрди калони мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи онҳо даҳҳо нафар ҷони худро аз даст доданд. Баъди ин ҳодисаҳо аз моҳи майи соли 2021 сарҳад бо қарори Қирғизистон баста шуд.

Ҳодисаи ахир ба раванди музокирот суръат бахшид. Аз тирамоҳи соли 2022 байни ду кишвар оид ба масъалаи таъйину аломатгузории сарҳад якчанд гуфтушунид доир гардид. Ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ бонавбат дар Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор мешуданд, аммо ҷузъиёти ин мулоқотҳо эълон намешуданд.

Аввали моҳи августи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнюек Кулубоев хабар дода буд, ки дар масъалаи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистон "як қатор ҷузъиёт боқӣ мондаанд", ки дар муддати 2-3 моҳи оянда ҳаллу фасл мешаванд. Моҳи октябр раиси КДАМ Қирғизистон зикр карда буд, ки ҷараёни таъйину аломатгузории марз бо Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист. То ин дам ҳудуди 59-60 километри сарҳад номуайян боқӣ монда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.