Дар Бохтар озмоишгоҳи замонавии “Агро олам”, ки таркиби хокро меомӯзад, ба кор оғоз кард

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Имрӯз, 23-юми январи соли 2025 дар шаҳри Бохтар бо иштироки Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ ва Мануэл Микаллер? сафири ИМА дар Тоҷикистон озмоишгоҳи замонавии "Агро Олам" ифтитоҳ шуд. Озмоишгоҳ бо дастгирии ташкилоти байналмилалии "USAID" таъсис ёфта, ҳама таҳҷизоти озмоишгоҳ аз Амрико ворид карда шудааст.

Намояндагони озмоишгоҳ ба меҳмонон вобаста ба самти кор ва таҳҷизоти васлшуда маълумот дода, изҳор доштанд, ки онҳо метавонанд таркиби хокро омӯхта, ба хоҷагидорон чӣ гуна истифодаи ояндаи онро маслиҳат диҳанд. Ҳамчунин бемориҳои растаниро метавонанд ошкор кунанд.

Давлаталӣ Саид таъкид кард, ки кӯшиш кунанд бо хоҷагидорон ҳамкориро ба роҳ монда, дар бардошти ҳосили фаровон дар вилоят мусоидат кунанд.

Ҳамчунин, раиси вилоят ҳамроҳи вазири кишоварзӣ ва сафири ИМА дар Тоҷикистон аз заминҳои як соҳибкори инфиродӣ, ки бештар ба парвариши қулфинай ва дигар зироатҳо машғул буд, дидан карданд.

Ин соҳибкор бо дастгирии молии «USAID»  гармхонаи муосир бо таҳҷизоти замонавӣ барои парвариши ниҳолҳои қулфинаю помидор ва дигар полезиҳо сохта ба истифода додааст.

Вай зимни суҳбат бо раиси вилоят изҳор дошт, ки ҳама гуна раванди ғизодиҳи тариқи автоматикӣ сурат гирифта, обёрии ниҳолҳо бо роҳи обёрии қатрагӣ роҳандозӣ шудааст.

Ин соҳибкор илова кард, ки бо таъсиси ин гармхонаи муосир онҳо имкон доранд, деҳқонони минтақаро бо ниҳолҳои қулфинай ва помидору дигар сабзавотҳои барвақтии арзон таъмин намоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...