Дар Бохтар озмоишгоҳи замонавии “Агро олам”, ки таркиби хокро меомӯзад, ба кор оғоз кард

Имрӯз, 23-юми январи соли 2025 дар шаҳри Бохтар бо иштироки Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ ва Мануэл Микаллер? сафири ИМА дар Тоҷикистон озмоишгоҳи замонавии "Агро Олам" ифтитоҳ шуд. Озмоишгоҳ бо дастгирии ташкилоти байналмилалии "USAID" таъсис ёфта, ҳама таҳҷизоти озмоишгоҳ аз Амрико ворид карда шудааст. Намояндагони озмоишгоҳ ба меҳмонон вобаста ба самти кор ва таҳҷизоти васлшуда маълумот […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Имрӯз, 23-юми январи соли 2025 дар шаҳри Бохтар бо иштироки Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ ва Мануэл Микаллер? сафири ИМА дар Тоҷикистон озмоишгоҳи замонавии "Агро Олам" ифтитоҳ шуд. Озмоишгоҳ бо дастгирии ташкилоти байналмилалии "USAID" таъсис ёфта, ҳама таҳҷизоти озмоишгоҳ аз Амрико ворид карда шудааст.

Намояндагони озмоишгоҳ ба меҳмонон вобаста ба самти кор ва таҳҷизоти васлшуда маълумот дода, изҳор доштанд, ки онҳо метавонанд таркиби хокро омӯхта, ба хоҷагидорон чӣ гуна истифодаи ояндаи онро маслиҳат диҳанд. Ҳамчунин бемориҳои растаниро метавонанд ошкор кунанд.

Давлаталӣ Саид таъкид кард, ки кӯшиш кунанд бо хоҷагидорон ҳамкориро ба роҳ монда, дар бардошти ҳосили фаровон дар вилоят мусоидат кунанд.

Ҳамчунин, раиси вилоят ҳамроҳи вазири кишоварзӣ ва сафири ИМА дар Тоҷикистон аз заминҳои як соҳибкори инфиродӣ, ки бештар ба парвариши қулфинай ва дигар зироатҳо машғул буд, дидан карданд.

Ин соҳибкор бо дастгирии молии «USAID»  гармхонаи муосир бо таҳҷизоти замонавӣ барои парвариши ниҳолҳои қулфинаю помидор ва дигар полезиҳо сохта ба истифода додааст.

Вай зимни суҳбат бо раиси вилоят изҳор дошт, ки ҳама гуна раванди ғизодиҳи тариқи автоматикӣ сурат гирифта, обёрии ниҳолҳо бо роҳи обёрии қатрагӣ роҳандозӣ шудааст.

Ин соҳибкор илова кард, ки бо таъсиси ин гармхонаи муосир онҳо имкон доранд, деҳқонони минтақаро бо ниҳолҳои қулфинай ва помидору дигар сабзавотҳои барвақтии арзон таъмин намоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.