Дар Теҳрон 60-солагии Фарзонаро таҷлил мекунанд

Рӯзи 27-уми январ дар шаҳри Теҳрони Эрон 60-солагии Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоири халқии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд. Дар назар аст, ки нишасти навбатии маҳфили “Ҳумоюн” ва рӯнамоии китоби “Ҳумоюннома” низ он ҷо баргузор шавад. Ин маросим дар толори Муассисаи фарҳангии “ЭКО” дар шаҳри Теҳрон бо ҳузури шоирон Фарзонаи Хуҷандӣ ва Толиби Озарахш баргузор мешавад. Ҳамчунин шоирон, пажӯҳишгарон […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Рӯзи 27-уми январ дар шаҳри Теҳрони Эрон 60-солагии Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоири халқии Тоҷикистонро таҷлил мекунанд. Дар назар аст, ки нишасти навбатии маҳфили “Ҳумоюн” ва рӯнамоии китоби “Ҳумоюннома” низ он ҷо баргузор шавад.

Ин маросим дар толори Муассисаи фарҳангии “ЭКО” дар шаҳри Теҳрон бо ҳузури шоирон Фарзонаи Хуҷандӣ ва Толиби Озарахш баргузор мешавад. Ҳамчунин шоирон, пажӯҳишгарон ва аҳли зиёи кишварҳои ЭКО, раҳбари ин муассиса ва Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон низ дар он ширкат хоҳанд кард.

Ин иқдом бо ташаббуси Муассисаи фарҳангии ЭКО дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор мешавад ва идомаи силсиланишастҳои “Ахтарони адаб” хоҳад буд.

Китоби “Ҳумоюннома”, ки ёдномаҳои пайвандону наздикон ва устодону ҳамсабақони Ҳумоюн, писари ин ду шоирро фаро гирифтааст, соли 2023 дар Тоҷикистон нашр шуда буд. Китоб соли 2024 дар остонаи солрӯзи Фарзона ба хати форсӣ тарҷума ва дар Теҳрон ба теъдоди 500 адад нашр ва дар ҳамоиши 60-солагии Фарзона рӯнамоӣ гардид.

Бояд гуфт, Фарзонаи Хуҷандӣ 3-юми ноябри соли 1964 зода шудааст. Моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 60-солагии милоди ӯ бо иштироки мақомоти баландпояи кишвар, аз ҷумла раиси вилояти Суғд ва аҳли зиё, аз ҷумла меҳмонон аз кишварҳои форсзабону ҳамсоя чорабинии васеъ доир гардида буд.

Маҳфили бузургдошти ӯро дар гузориши мо “Шеъри ӯ итминон барои оянда аст”. Фарзона 60-сола шуд мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.