Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд

Дирӯз, 24-уми январ дар дар натиҷаи қуръакашии Ҷоми Осиё-2025 миёни мунтахабҳои наврасони то 17-сола футболбозони навраси тоҷик якҷо бо ҳамсолони худ аз Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ шомили гурӯҳи "D" шудаанд. Қуръакашӣ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд ва дар он 16 даста ба чаҳор гурӯҳ – "А", "В", "С" […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дирӯз, 24-уми январ дар дар натиҷаи қуръакашии Ҷоми Осиё-2025 миёни мунтахабҳои наврасони то 17-сола футболбозони навраси тоҷик якҷо бо ҳамсолони худ аз Эрон, Уммон ва Куриёи Шимолӣ шомили гурӯҳи "D" шудаанд.

Қуръакашӣ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд ва дар он 16 даста ба чаҳор гурӯҳ – "А", "В", "С" ва "D" тақсим шудаанд. Дар ҳар гурӯҳ чор даста ҷой гирифт.

Санаҳои дақиқи бозиҳои Тоҷикистон бо ҳарифонаш ҳанӯз маълум нест, вале бояд гуфт, мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни мунтахабҳои наврасони кишварҳои ин қора аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Марко Раҷини, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) гуфтааст, Тоҷикистон шомили гурӯҳи қавие гардид.

“Дар марҳилаи интихобӣ дар Сингапур бо дастаи Уммон бозӣ карда будем. Мунтахаби хуб аст. Дастаи Эрон барои мо ба хубӣ ошно мебошад… Бозиҳои мо ҳамеша бениҳоят душвор мегузаштанд. Инчунин метавонам Куриёи Шимолиро аз рӯйи баромади дастаи ҷавононашон дар марҳилаи интихобӣ дар Душанбе баҳо диҳам. Ин кишвар дастаҳои аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва тактикӣ хуб омодашуда дорад. Ҳамин тавр, дар Арабистони Саудӣ мо бо дастаҳои қавӣ рақобатҳои хеле душвор хоҳем дошт. Ман ба даста ва бозигарон боварӣ дорам ва боварӣ дорам, ки мо дар Ҷоми Осиё-2025 ба мақсадҳои худ мерасем”, – гуфтааст ӯ.

Гуфта мешавад, пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд.

Ҳамаи мунтахабҳое, ки ба ин марҳила роҳ ёфтаанд, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025 миёни наврасон мешаванд.  Ин мусобиқа қарор аст аз 5-ум то 27-уми ноябри соли равон дар Қатар баргузор гардад.

Ҳоло дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии ин мутахассиси итолиёӣ барои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҷамъомади таълимию тамринӣ мегузаронад. Ин омодагӣ аз 8-уми январ оғоз ёфта буд ва имрӯз ба анҷом мерасад.

Дар доираи он Тоҷикистон чор бозии санҷишӣ гузаронд, ки дар сетои он пирӯзӣ ба даст оварда, дар як рақобати дигар мағлуб гашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.