Қитъаи роҳи Қалъаи Хумб то Рӯшон “як сол пеш аз муҳлат” ба истифода дода мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қитъаи роҳи Қалъаи Хумб–Ванҷ-марзи Рӯшон, ки як бахши долони мултимодалии роҳи Душанбе–Хоруғ–марзи Чин хоҳад шуд, як сол пеш аз муҳлати пешбинишуда, дар моҳи июни соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин бора зимни нмишасти матбуотии рӯзи 29 январ Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз 15 пули ин роҳ сохтмони 13-тои он ба поён расидааст. Ҳамчунин, аз 4 ҳазор метр дарозии нақби аввал 3 ҳазору 388 метри он ва аз 1 ҳазору 800 метр дарозии нақби дуюм 1000 метраш сохта шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи бештар душворгузари роҳи Душанбе – Қулма моҳи сентябри соли 2022 оғоз шуд. Барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии он ҳукумати Чин дар ҳаҷми 230 млн доллар грант ҷудо кард. Ба ин корҳо паймонкори кулли лоиҳа – ширкати China Road and Bridge Corporation (CRBC)-и Чин машғул аст.

Пас аз анҷоми пурраи корҳо масофаи ин қитъа 16 километр кӯтоҳтар шуда, ба сурати умум 92,3 километрро ташкил хоҳад дод.

Вазир ҳамчунин зикр кард, ки лоиҳаи корҳои таъмиру навсозии роҳи Рӯшон – Вархедз (наздикии марзи маъмурии ноҳияи Мурғоб) бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ таҳия ва аз ташхис муваффақона гузашт.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар мавриди маблағгузорӣ ба ин лоиҳа гуфтушунидҳо бо ҳукумати Чин ҷараён доранд. Азим Иброҳим таъкид дошт, ки дар қисмати боқимондаи роҳи мошингард дар қаламрави ноҳияи Мурғоб то сарҳади Чин (296 км) корҳои саҳроӣ гузаронида шуда, корҳои лоиҳакашӣ оғоз меёбанд.

Вазири нақлиёт илова намуд, ки пас аз анҷоми пурраи корҳои таъмиру навсозӣ, роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ – сарҳади Чин ба долони байнулмилалии мултимодалӣ табдил хоҳад ёфт, ки “барои ҷумҳурӣ аҳаммияти бузург дорад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...