Вазири энергетика 5 шарти расидан ба “истиқлолияти комили энергетикӣ” дар соли 2027-ро гуфт

Далер Ҷумъа, вазири энернетика ва захираҳои оби Тоҷикистон панҷ далел ба изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар мавриди расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар зарфи 2,5 соли оянда изҳори назар кард. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумони кишвар охири соли гузашта гуфт, ки аз моҳи майи соли 2027 камбуди неруи барқ дар кишвар пурра аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Далер Ҷумъа, вазири энернетика ва захираҳои оби Тоҷикистон панҷ далел ба изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар дар мавриди расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар зарфи 2,5 соли оянда изҳори назар кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумони кишвар охири соли гузашта гуфт, ки аз моҳи майи соли 2027 камбуди неруи барқ дар кишвар пурра аз байн бурда шуда, ҷумҳурӣ ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" мерасад.

“Камбуди мавсимии барқ (дар давраи тирамоҳу зимистон, – эзоҳи муаллиф) 1,5 млрд киловатт-соат арзёбӣ мешавад”, – гуфт вазири энергетика рӯзи 30 январ зимни нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи ӯ, баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ айни замон дар панҷ самт корҳо ҷараён доранд

1. Ба истифода додани агрегати сеюми (№4) нерӯгоҳи “Роғун”. Баланд бардоштани сатҳи об дар обанбор, иқтидори неругоҳро се баробар зиёд мекунад. Ғайр аз ин, танзими захираҳои об дар обанбори “Роғун” ба 400 Мегаватт (МВт) баланд бардоштани иқтидори нерӯгоҳҳои амалкунанда  дар поёноби дарёи Вахш имкон медиҳад.

2. Соли равон дар ноҳияи Роштақалъаи ВМКБ неругоҳи барқи обии “Себзор” бо иқтидори 11 МВт мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

3. Таъмиру навсозии айни замон бузургтарин неругоҳи барқи обии кишвар – “Норак”, инчунин неругоҳҳои “Қайроққум” ва “Сарбанд” то соли 2027 иқтидори умумии ин неругоҳҳоро 431 МВт зиёд мекунад.

4. Коҳиши сатҳи талафоти нерӯи барқ ба сарфакорона истифода бурдани он аз ҷониби аҳолӣ боис мегардад.

5. На дертар аз соли 2027 мавриди истифода қарор додани ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 400 МВт.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика иқтидори муқарраршудаи барқи кишвар, ҳудуди 6000 МВт-ро ташкил медиҳад.

Дар ин ниҳод ваъда медиҳанд, ки айни замон ба корбарони маишӣ дар минтақаи деҳот дар як шабонарӯз 8-10 соат барқ дода мешавад, лекин сокинони деҳот шикоят мекунанд, ки хеле камтар ва баъзан ҳатто як шабонарӯз барқ намегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.