Дар Русия 670 ҳазор муҳоҷир ғайриқонунӣ ҳузур доранд. Кадоме аз онҳо ҳақ доранд ба будубоши худ идома диҳанд?

Тибқи иттилои Александр Горовой, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар 670 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ ҳузур доранд, ки бештари онҳо занону кӯдакон ҳастанд. Аммо ӯ мушаххас дар бораи аз кадом кишварҳо будани и муҳоҷирон иттилоъ надодааст. Ин мансабдори рус гуфтааст, онҳое, ки қонуншиканӣ накардаанд, то 30-юми апрел метавонанд вазъи ҳуқуқии худро дар Русия […]

Asia-Plus

Тибқи иттилои Александр Горовой, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар 670 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ ҳузур доранд, ки бештари онҳо занону кӯдакон ҳастанд. Аммо ӯ мушаххас дар бораи аз кадом кишварҳо будани и муҳоҷирон иттилоъ надодааст.

Ин мансабдори рус гуфтааст, онҳое, ки қонуншиканӣ накардаанд, то 30-юми апрел метавонанд вазъи ҳуқуқии худро дар Русия ба танзим дароранд ва ба будубоши худ идома диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, барои ин муҳоҷирон бояд ба мақомоти дахлдори Русия то 30-юми апрел муроҷиат кунанд.

“Пас аз тафтиши сабтҳои махсуси мо ва баҳодиҳии мавҷуд набудани ягон қонуншикание, ки ба тартиботи ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, мо вазъи ҳуқуқии ин шаҳрвандони хориҷиро танзим мекунем. Дар акси ҳол, онҳо вазифадоранд, ки Русияро тарк кунанд”, – гуфтааст Горовой.

Хотиррасон мекунем, ки аз 5 феврали соли 2025 дар Русия як қатор меъёрҳои нави қонунгузорӣ мавриди амал қарор мегиранд, ки бевосита ба муҳоҷирони меҳнатӣ дахл дорад. Онҳо чӣ қонунҳое ҳастанд ва чӣ маҳдудият барои муҳоҷирон хоҳанд дошт? Дар ин матлаби мо  хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.