Сард ва тағйирёбанда. Вазъи ҳаво дар моҳи феврал чӣ гуна хоҳад буд?

Моҳи феврал дар Тоҷикистон ҳаво сард хоҳад буд. Бахусус дар манотиқи кӯҳӣ ва шарқӣ сардии шадид ва тағйирёбии ҳарорат пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Маркази ҳавошиносии кишвар хабар доданд. Ба гуфтаи мутахассисон, дар водиҳо ҳарорат муътадил хоҳад буд, аммо давоми моҳ боришот ва шамолҳои сахт пешбинӣ мешавад. Вилояти Хатлон ва навоҳиитобеи ҷумҳурӣ […]

Asia-Plus

Моҳи феврал дар Тоҷикистон ҳаво сард хоҳад буд. Бахусус дар манотиқи кӯҳӣ ва шарқӣ сардии шадид ва тағйирёбии ҳарорат пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Маркази ҳавошиносии кишвар хабар доданд.

Ба гуфтаи мутахассисон, дар водиҳо ҳарорат муътадил хоҳад буд, аммо давоми моҳ боришот ва шамолҳои сахт пешбинӣ мешавад.

Вилояти Хатлон ва навоҳиитобеи ҷумҳурӣ

Дар водиҳо ҳарорат аз 4 то 8 дараҷа гарм хоҳад буд, ки ин 1-2 дараҷа аз меъёр баландтар аст. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат аз 0 то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар давоми моҳ шабона ҳарорат дар водиҳо аз 4 то 9 дараҷа, рӯзона аз 10 то 15 дараҷа гарм хоҳад буд. Баъзан рӯзона то 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар доманакӯҳҳо шабона ҳарорат аз -7 то +5 дараҷа ва рӯзона аз +2 то +7 дараҷа мешавад. Баъзе рӯзҳо метавонад то 8-13 дараҷа гарм шавад.

Сардиҳои шадид низ эҳтимол доранд: шабона дар водиҳо то -6, рӯзона то 0 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо шабона то -10, рӯзона то -4 дараҷа мерасад.

Боришот аз меъёр зиёд хоҳад буд: дар водиҳо 28-33 мм ва дар доманакӯҳҳо 110-130 мм.
Ҳамчунин вазиши шамоли сахт аз самти Ғарб бо суръати 17-22 м/с ва фаромадани тормеғи зич эҳтимол доранд.

Вилояти Суғд

Дар шимоли кишвар ҳарорат ба меъёр наздик хоҳад буд: дар водиҳо 2-4 дараҷа гарм (меъёр 2-3 дараҷа), дар кӯҳҳо -3 то -5 дараҷа сард.

Дар водиҳо шабона аз -3 то +2 дараҷа, рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад, ҳадди ниҳоӣ то 8-13 дараҷа гарм хоҳад буд.

Дар кӯҳҳо шабона ҳарорат то -4, рӯзона аз -3 то +8 дараҷа тағйир меёбад.

Баъзан сардии шадид эҳтимол дорад: шабона дар водиҳо то -8, рӯзона то -10 ва дар кӯҳҳо шабона то -15, рӯзона то -6 дараҷа.

Боришот дар меъёри муқаррарӣ хоҳад буд: дар водиҳо 13-38 мм ва дар кӯҳҳо 10-22 мм.
Шамоли сахт ва тормеғ низ эҳтимол дорад.

Минтақаҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ

Дар кӯҳҳо ҳарорат аз -3 то +2 дараҷа хоҳад буд, дар баъзе ҷойҳо то 6 – 8 дараҷа сард, ки ин аз меъёр каме баландтар аст (меъёр -4 то +10).

Давоми моҳ шабона аз -10 то -5 дараҷа, рӯзона -5 то +3 дараҷа мешавад.

Дар баъзе рӯзҳо сардиҳои шадид эҳтимол доранд: шабона то -15 ва рӯзона то -8 дараҷа.

Боришот зиёдтар аз меъёр хоҳад буд: дар кӯҳҳои тобеи ҷумҳурӣ то 130 мм, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор то 141 мм.

Дар ғарби ВМКБ — аз 8 то 59 мм.

Шамол метавонанд то 17-22 м/с шиддат гирад, инчунин фаромадани тормеғ эҳтимол доранд.

Минтақаҳои шарқии ВМКБ

Дар шарқи ВМКБ ҳарорат давоми моҳи феврал аз 13-14 дараҷа сардтар хоҳад буд (меъёр -15). Дар Булункӯл ҳарорат метавонад то -20 дараҷа сард шавад.

Шабона ҳарорат аз -22 то -27 дараҷа хоҳад буд, дар баъзе рӯзҳо сардии шадиди то -36 дараҷа эҳтимол дорад.

Рӯзона ҳарорат аз -5 то +5 дараҷа, баъзан то -15 дараҷа поён мерасад.

Боришот кам хоҳад буд: аз 4 то 16 мм.

Шамол метавонанд бо суръати 12-17 м/с вазад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио