Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон имрӯз, 3-юми феврал, зимни нишасти матбуотӣ дар “Тоҷикфилм” гуфт, беш аз 10 ҳунарманди маъруфи тоҷик дар филми “Рустам ва Сӯҳроб”, ки дар Эрон рӯйи пардаи синамо меояд, нақш меофаранд.

Ба гуфтаи ӯ, аллакай чанд ҳунарманд интихоб шудаанд, аз ҷумла, Сайёра Сафарӣ, Қурбони Собир, Муҳаммадалӣ Маҳмадов ва Таҳмина Раҷабова.

Ӯ гуфт, кастинг айни ҳол дар Эрон давом дорад ва рӯзҳои наздик тафсилоташ равшан мегардад.

Ба гуфтаи ӯ, синамогарони Эрон, ки 20 сол инҷониб бо онҳо ҳамкорӣ дорад, аз ӯ дар бораи асолату ҳунари ҳунарпешагони тоҷик пурсидаанд.

“Албатта ман ба онҳо маълумоти дақиқ ироа кардам, ки чигуна ҳунарпеша ҳастанд. Мо ба ин восита чеҳраҳои синамои давлату миллатамонро метавонем тарғиб кунем, нишон диҳем”, – илова кард ӯ.

Сафар Ҳақдод дар  муроҷиат ба синамогарони тоҷик гуфт, ба синамогарони эронӣ, ки дар сатҳи ҷаҳонианд, таваҷҷуҳ кунанд, аз таҷрибаи онҳо омӯзанд ва онҳоро даъват кунанд.

“Синамо ҳунари байналмилалӣ аст. Мо танҳо дар дили худ бояд наҷӯшем, балки ситораҳои синаморо даъват кунем. Мо худ бояд қадам гузорем, на дар интизори он бошем, ки моро даъват кунанд. Синамо ба ин васила рушд мекунад”, – таъкид кард коргардон.

Ӯ аз таҷрибаи Носир Саид, ки Маҳнози Афшор, ҳунарпешаи эрониро дар филми “Муаллим” даъват карда буд, ёд овард ва гуфт, бояд бештар табодул сурат бигирад.

“Агар мо ҳунарпешагони эрониро даъват кунем, онҳо ба хотири зебоиҳои Тоҷикистон,  ба хотири фазои мо бо ҷону дил меоянд. Инқадар чеҳраашон, дилашон гарм аст ба мо”, – гуфт Сафар Ҳақдод.

Ба гуфтаи ӯ, “Тоҷикфилм” аввалин студияе буд, ки солҳои 60-70-уми асри гузашта филми “Рустаму Сӯҳроб”-ро ба Эрон муаррифӣ кард.

Бояд гуфт, солҳои 70-ум Борис Кимёгаров, коргардони маъруфи тоҷик аз рӯйи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ як қатор филмҳо рӯйи саҳна овард. Соли 1970 филми “Достони Рустам”, соли 1971 “Рустам ва Сӯҳроб” ва соли 1976 “Достони Сиёвуш” бо коргардонии Борис Кимёгаров рӯйи пардаи синамо омаданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...