“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?

Сахидод Раҳматуллозода, раиси нави Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯяд, барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ”, ки калимаҳои тоҷикии дар барномаи “Microsoft Word” нодуруст навиштаро ба таври худкор ислоҳ мекунад, таҳия шудааст. Вале ӯ нагуфт, ки он кай дар истифодаи умум қарор мегирад. Ваъдаи таҳияи ин барнома аллакай чандин сол аст, ки аз ҷониби роҳбарияти ин Кумита дода мешавад, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Сахидод Раҳматуллозода, раиси нави Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯяд, барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ”, ки калимаҳои тоҷикии дар барномаи “Microsoft Word” нодуруст навиштаро ба таври худкор ислоҳ мекунад, таҳия шудааст. Вале ӯ нагуфт, ки он кай дар истифодаи умум қарор мегирад.

Ваъдаи таҳияи ин барнома аллакай чандин сол аст, ки аз ҷониби роҳбарияти ин Кумита дода мешавад, аммо муаррифии он ҳар маротиб ба таъхир меафтад.

Сахидод Раҳматуллозода имрӯз, 3-юми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ” аз ҷониби кормандони Кумитаи забон ва истилоҳот пурра таҳия шуда, дар худи ин ниҳод ва чанд вазорату идораҳо аз таҷриба гузаштааст.

“Ҳам дар Кумитаи забон ва истилоҳот ва ҳам дар чанд вазорату идорае, ки барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ” ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд, хулосаи мусбат гирифт. Яъне барнома мушкиле надорад”, – гуфт Сахидод Раҳматуллозода.

Раиси нави Кумитаи забон ва истилоҳот афзуд, ки ҳоло китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” таҳия шуда истодааст, ки меъёри дуруст навиштанро муайян мекунад. Ба гуфтаи Раҳматуллозода, баъди нашри ин китоб барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ” ба ҳама шаҳрвандон дастрас хоҳад шуд, зеро ин барнома дар асоси итоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” таҳия шудааст.

Аммо ӯ ба саволи батакрори рӯзноманигорон дар бораи он ки китоби мазкур кай аз чоп мебарояд ва то кадом муддат барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ” оммавӣ мешавад, посухи дақиқ надод.

Дар сурати роҳандозӣ шудани барномаи “Ислоҳнигорӣ” дар барномаи “Microsoft Word” ё дигар барномаҳои компютерие, ки матн навишта мешавад, агар калимаи тоҷикӣ ғалат навишта шавад, барнома ба таври худкор дар зери он хати сурх мекашад ва шакли дурусти онро пешниҳод мекунад. Ин барномаро дар забони русӣ “Правописание” меноманд ва ҳоло онҳое, ки бо забони русӣ кор мекунанд, аз ин барнома зиёд истифода мебаранд.

Ҳанӯз чанд сол пеш бархе фарҳангиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъулин, аз ҷумла Кумитаи забон ва ислоҳот пешниҳод карда буданд, ки чунин як барномаро роҳандозӣ кунанд.

Чанд сол боз Кумитаи забон ва истилоҳот аз таҳия шудани барномаи мазкур хабар медиҳад, вале он то ҳол оммавӣ нашудааст. Моҳи августи соли 2022 дар Кумитаи забон ва истилоҳот гуфта буданд, ки барнома дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон (5-уми октябр) дастраси корбарон мегардад. Моҳи феврали соли 2024 бошад, дар ин ниҳод иттилоъ доданд, ки “Ислоҳнигорӣ” то ҷашни Наврӯз фаъол мешавад.

Дар нишасти қаблии ин ниҳод низ кай фаъол шудани барномаи мазкур баҳс шуда буд. Аммо то ҳол ин барнома дастраси сокинон нашудааст ва маълум нест, ки кай дастрас мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.