Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад

Филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” соли ҷорӣ пурра сабт шуда, соли 2026 рӯйи пардаи синамо меояд. Дар ин бора имрӯз, 3-юми феврал,  Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло 70 дарсади корҳои омодагӣ, аз ҷумла саҳнаороӣ, таҳияи либос ва дигар корҳои ороишӣ бо ҷалби 50 нафар […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” соли ҷорӣ пурра сабт шуда, соли 2026 рӯйи пардаи синамо меояд. Дар ин бора имрӯз, 3-юми феврал,  Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло 70 дарсади корҳои омодагӣ, аз ҷумла саҳнаороӣ, таҳияи либос ва дигар корҳои ороишӣ бо ҷалби 50 нафар ба итмом расидааст ва баъди Наврӯз сабти филм оғоз мешавад.

Шоҳиён гуфт, дар Қалъаи Хуҷанд якчанд саҳна филмбардорӣ мешавад, ки дар ин бора бо раиси вилояти Суғд мулоқот кардааст ва он ҷо низ корҳои омодагӣ оғоз шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, якчанд саҳна, аз ҷумла сабти саҳнаҳои ҳавлии Абдураҳмони Ҷомӣ ва бозор дар қалъаи Хуҷанд сурат мегирад.

Дар қалъаи Ҳисор бошад саҳнаи Наврӯзи асри XV-ро барпо мекардаанд.

Гуфта шуд, саҳми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз ҳама ҷиҳат, аз ҷумла дар маблағгузорӣ дар таҳияи филм баробар аст. Аммо ӯ нагуфт, ки чӣ қадар маблағ пешбинӣ шудааст ва чӣ қадар ниёз ҳаст.

Шоҳиён дар робита ба нигарониҳо вобаста ба инъикоси мавқеи Ҷомӣ дар филм таъкид кард, ки мавқеи Ҷомӣ ва Навоӣ ҳамчун устод ва шогирд нигоҳ дошта мешавад.

Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон гуфт, аслан хеле шубҳа дошт, ки ин филм сабт мешавад, вале хушбахтона аллакай кор оғоз шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, сабти филми муштарак як қатор мушкилиҳо дорад, зеро ҳарду ҷониб тарзу дидгоҳи худро доранд ва бояд коргардону рассому ҳунарпешагони ду ҷониб бо ҳам ба мувофиқа оянд.

“Бояд тарафҳо он қадар бо ҳам мувофиқ шаванд, ҳамнавову ҳамдил шаванд, то ягон ишколе, ҳарфе вуҷуд надошта бошад”, – илова кард ӯ.

Ӯ чашмдор аст, ки сабти филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки ин гурӯҳ аслан аз ҷавонон иборат аст, барои дар оянда ба саҳна овардани филмҳои зиёди муштарак байни ду давлат замина мегузорад, зеро ду халқ фарҳанги муштарак доранд.

Ёдрас мешавем, ки тасмими филмбардорӣ дар бораи Ҷомиву Навоӣ соли 2021, зимни сафари президентони ду кишвар ба давлатҳои якдигар рӯи даст гирифта шуд. Моҳи апрели соли 2024 матни филмнома тасдиқ гардид ва аввали моҳи ноябр корҳои омодагӣ ба наворбардории филм оғоз шуданд. Қаблан, ба иттилои дарёфтаи “Азия-Плюс”, буҷаи умумии филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” 10 млн доллари амрикоӣ гуфта мешуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.