Парвандаи роҳбари ширкати “Арса”, ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британия гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст

Парвандаи директори ширкати “Арса”, ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британияи Кабир гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар ин бора Оҷонсии зиддифасоди кишвар хабар медиҳад. Дар бораи боздошти директори ин ширкат бо номи Қ. Одилов моҳи сентябри соли гузашта Оҷонсӣ хабар дода, гуфта буд, ки ӯ “бо ваъдаи ба Британияи Кабир фиристодан аз даҳҳо корҷӯи […]

Asia-Plus

Парвандаи директори ширкати “Арса”, ки ба фиреби хоҳишмандони кор дар Британияи Кабир гумонзад аст, ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар ин бора Оҷонсии зиддифасоди кишвар хабар медиҳад.

Дар бораи боздошти директори ин ширкат бо номи Қ. Одилов моҳи сентябри соли гузашта Оҷонсӣ хабар дода, гуфта буд, ки ӯ “бо ваъдаи ба Британияи Кабир фиристодан аз даҳҳо корҷӯи тоҷик беш аз ним миллион сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода кардааст”.

Он замон ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват карда буд, “дар сурати дидани зарари моддӣ аз кирдорҳои қаллобонаи Одилов Қ.М. бо ариза ба раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд”.

Дар хабари дуввуми ин ниҳод, ки дирӯз, 3-юми феврал дар сомони расмӣ нашр шуд омадааст, ки Одилов ба 69 сокини кишвар ба маблағи 1,94 млн сомонӣ зарари молиявӣ расонидааст.

Ӯ ба одамон итминон додааст, ки ширкаташ барои фиристодани онҳо имкониятҳои расмӣ дорад. Одамон ба ӯ бовар кардаанд.

“… дар натиҷа Одилов Қ.М. баъди гирифтани маблағҳои зикршуда ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи зикршударо ба манфиати шахсиаш хароҷот карда, тасаруф намуд”,- омадааст дар хабари Оҷонсии зидифасод

Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳоло нисбати Одилов барои қаллобӣ (моддаи 247) ва қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда (моддаи 262) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, парванда аллакай ба додгоҳ исрол гардидааст.

Моддаи 247 аз 1400 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли равон 75 сомонӣ) ҷарима ва бо моддаи дуввум, аз 3 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Қаблан, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоияи нашр кард, ки ба ин ширкат додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба фиристодани муҳоҷирон ба кор ба хориҷи кишвар рад шудааст.

Ин ниҳод пайваста аз аҳолӣ даъват мекунад, ки зимни ҷустуҷӯи кор дар хориҷа беҳтараш ба онҳо муроҷиат кунанд.

Қаблан, Сафорати Британияи Кабир низ чандин маротиба огоҳ карда буд, ки ба эълонҳои бардурӯғ (фейк) оид ба ҷалби шаҳрвандон, ба корҳои кишоварзӣ дар ин кишвар, ки вақтҳои охир зиёд шудааст, бовар накунанд.

Бояд зикр кард, ки Британияи Кабир яке аз самтҳои нави муҳоҷирати корӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шурӯъ аз соли 2022 Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти Британияи Кабир ба ирсоли муташаккилонаи шаҳрвандони кишвар барои кор дар ин кишвари аврупоӣ оғоз кард.

Дар хусуси тарзи интихоб барои ирсол ва намудҳои кор аз матлаби “Имкони кори мавсимии ҳудуди ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Британияи Кабир” метавонед маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.