Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми гумонбарони “парвандаи табаддулот”-ро эълон кард

Имрӯз, 5-уми феврал Додгоҳи олии Тоҷикистон дар Боздоштгоҳи муваққатии Дуушанбе (СИЗО) ҳукми чеҳраҳои “парвандаи табадуллот”-ро эълон кардааст. Чанд манбаи “Азия-Плюс” гуфтанд, ки додгоҳ – Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси пешини ҲДТ-ро ба 27 соли зиндон; – Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба 27 соли зиндон; – Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ ва […]

Asia-lus

Имрӯз, 5-уми феврал Додгоҳи олии Тоҷикистон дар Боздоштгоҳи муваққатии Дуушанбе (СИЗО) ҳукми чеҳраҳои “парвандаи табадуллот”-ро эълон кардааст.

Чанд манбаи “Азия-Плюс” гуфтанд, ки додгоҳ

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси пешини ҲДТ-ро ба 27 соли зиндон;

– Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба 27 соли зиндон;

– Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ ва ҳуқушиноси тоҷикро ба 18 соли зиндон;

– Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси ҲДТ ва рӯзноманигорӣ тоҷикро ба 18 соли зиндон

маҳкум кардааст.

Ҳамчунин, додгоҳ Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори тоҷик ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимовро 8 соли зиндон маҳкум кардааст.

Мақомот ӯро ба "хиёнат ба давлат" (моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар медонанд. Ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, вале ҳамаи аснодаш мусодира шуда буд. Қаблан, додрас ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Рухшона Ҳакимова 17 соли зиндон хоста буд.

Ба иттилои дарёфтӣ парвандаи Рухшона Ҳакимова  ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” рабт дорад, ки баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он  назар додаанд.

Ӯ баъди элони ҳукм аз толори додгоҳ боздошт шудааст.

Радиои Озодӣ бо такя манбаъҳои худ менависад, ки дар доираи ин парванда, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам ба 18 сол зиндон маҳкум шудааст.

“Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Бобоев, ду сарҳанги бознишастаи амният 18 солӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд ва Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати ВКХ барои 17 сол равонаи зиндон шуд”, – навиштааст ин расона.

То ҳол маълум нест, ки яке аз дигар чеҳраҳои ин парванда чӣ ҷазо гирифтааст.

Ин расона ҳамчунин, навиштааст, ки бар асоси қарори додгоҳ, амволи Ҳамрохон Зарифӣ ва Саидҷаъфар Усмонзода мусодира мешавад.

Назари вакилони дифои маҳкумшудаҳо ва наздикони онҳо ба қарори додгоҳ ҳоло маълум нест.

Худи онҳо дар мурофиаи пешин, зимни ироаи суханони охиринашон бегуноҳии худро таъкид ва аз додгоҳ хостаанд, ки онҳоро озод кунанд.

Ҳамчнин, дар мурофиаи рӯзи 14-уми январ вакилони дифои гумонбарон аз додгоҳ озодии зерҳимояашон ва қисме сабук кардани ҷазо ба онҳоро хоста буданд.

Аксари боздоштшудагон бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзеашон бо моддаҳои 247 (қаллобӣ), 189 (барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ёдинӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор шудаанд.

Мақомот расман дар ин бора иттилое намедиҳанд. Додгоҳ ба ин парванда ҳукми махфӣ ҳам задааст. Аз ин рӯ, ҳар иттилое, ки дастрас мегардад, аз манобеи гуногуни ғайрирасмӣ мебошад.

Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Пасон дастикам 7 чеҳраи дигар, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев ба тадриҷ боздошт шуданд.

Дар мурофиаи рӯзи 8-уми январ ба ҳамаи чеҳраҳои парвандаи ба истилоҳ “табаддулот” аз 23 то 30 соли зиндон хоста буд.

Ҷузъиёти парвандаи “табаддулоти давлатӣ”-ро дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.