Нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон мешавад?

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Эҳтимол давоми соли равон арзиши таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи нерӯи барқ дар кишвар баланд шаванд. Чунин пешниҳод аллакай, ба ҳукумати кишвар манзур шудааст. Дар ин бора Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории кишвар имрӯз, 5-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Қурбонзода, пешниҳоди дахлдор аз ҷониби “Барқи тоҷик” ба Хадамоти зиддинҳисорӣ ворид шуд ва Хадамот ин масъаларо баррасӣ карда, ҷиҳати баланд бардоштани арзиши таърифаҳои истеҳсоли нерӯи барқ таклифҳоро пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, мактуби марбута аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ аллакай ба ҳукумати кишвар ирсол гардидааст.

“Ҳоло қарори дахлдоре ба тасвиб нарасидааст ва чӣ қадар баланд шудани арзиши неруи барқ низ маълум нест. Ин танҳо пас аз ҳисоб кардани хидматрасониҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ маълум мешавад”, – илова кард ӯ.

Ба иттилои манбаъ, тибқи созишномаву ҳуҷҷатҳои аз ҷониби ташкилоту ниҳодҳои масъул мувофиқагардида, ҳоҷати баландшавии таърифаҳои нерӯи барқ ҳамасола муайян шудааст. Тибқи қонунгузории амалкунанда, таърофаҳои нерӯи барқ аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ мешавад.

Маълум нест, ки таърифаҳои барқ барои ҳамаи истифодабарандагони нерӯи барқ дар кишвар баланд мешавад ва ё танҳо барои аҳолӣ ё истифодабарандагони алоҳида.

Ба гуфтаи Қурбонзода, ҳоло тарифи миёнаи нерӯи барқ барои гурӯҳҳои гуногуни истифодабарандаҳо барои 1 кВТ 35 дирамро ташкил медиҳад. Дар соли 2021 он 20,11 дирам буд.

 

Ҳоло барои истифодаи барқ кӣ чӣ қадар месупорад?

Бояд гуфт, бори охир тарофаҳои неруи барқ дар кишвар аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 16% – аз 26,51 дирам барои 1 киловатт-соат то 30,75 дирам боло рафта буд

Аз ин пештар, тарофаҳо барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон ба ҷуз "ТАЛКО" (Ширкати алюминии тоҷик), 1-уми октябри соли 2022 боло бурда шуданд. Аз он дам аҳолӣ барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 26,51 дирам пардохт мекард.

Аз 1-уми январи соли 2023 тарофа барои ТАЛКО низ то 15,57 дирам (давоми тамоми сол) боло бурда шуд.

То ин дам ширкат барои ҳар як киловатт-соат ба ҳисоби миёна 9,5 дирам (дар давраи тобистон аз 1-уми май то 30-юми сентябр – 7,20 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел – 11,80 дирам) пардохт мекард.

Истеъмолгарони нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба категория бо таърифаҳои гуногун тақсим шудаанд, ки онҳо барои истифодаи барқ айни замон бо тариқи зайл маблағ пардохт мекунанд:

– барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 26,51 дирам;

– барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1-уми апрел то 30-юми сентябр – 9,2 дирам ва аз 1-уми октябр то 31-уми март – 26,51 дирам;

– барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 9,2 дирам;

– барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) – 12,6 дирам;

– барои “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1-уми май то 30-юми сентябр – 10,64 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел – 60,65 дирам;

– барои муассисаҳои ғайрибуҷетии соҳаи маориф – 45,51 дирам.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми умумии нерӯи барқи содиршуда аз Тоҷикистон дар соли гузашта зиёда аз 2 млрд 478 млн киловатт-соатро ташкил дод.

Ин дар ҳолест, ки норасоии нерӯи барқ аз мушкилоти мубрами кишвар ба шумор меравад. Ҳар сол бо фарорасии сардиҳо дар навоҳии Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мешавад, вале сокинон шикоят мекунанд, ки аз соатҳои расман муқарраргардида камтар барқ мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...