“Ба ин касб дил бастам”. Қиссаи ронандаи зеботарин автобуси Душанбе

Меҳрангез Султонзода, Шоҳсанам Бобоҷонова, Asia-Plus

Шамигул Зоирова ронандаи автобуси хатсайри №25-и Душанбе аст. Автобуси ӯ, зеъботарин ва ба эҳтимоли зиёд, аз маъруфтарин нақлиёти пойтахт бошад ва ҳар нафаре, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебарад, ин автобусро медонаду ронандаашро мешиносад. Ин автобус бо тозагӣ ва ороиш, худи ронанда бошад, бо муомилаи хуш шинохта шудааст.

Ӯ ҳамагӣ 4 сол пеш, дар 48-солагӣ сари чанбараки автобус нишастааст ва ҳоло мегӯяд, ронандагӣ ва хидмат ба халқ барояш писанд аст. То чор соли пеш ӯ машғули дӯзандагӣ будааст.

“Рӯзе дар назди тиреза машғули дӯзандагӣ будам, ки занеро дар сари чанбараки автобус дидам. Ин бароям аҷиб намуд ва ман низ хостам худро дар ин касб санҷам… Ҳоло бо ин зан ҳар ду ҳамкор ҳастем", – нақл кард Шамигул Зоирова.

Ба гуфтаи Шамигул, кор дар нақлиёти ҷамъитӣ душвориву ҷолибият дорад ва аз онҳо ба "Азия-Плюс" қисса кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...