Нигоҳдории кадом чорво дар пойтахт манъ аст ва барои нақзи он чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?

Ахиран, пулиси Душанбе аз ошкори беш аз 200 ҳолати парвариш ва нигоҳдории ғайриқонунии чорво дар ҳудуди пойтахт иттилоъ дод. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, дар бораи ин қонун, манъ будани парвариши кадом навъи чорво ва ҳаҷми ҷарима, ки бо баланд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд шуд,  ёдоварӣ  кунад. Қонун дар бораи манъи парвариши чорвои хурду калони шохдор […]

Ахиран, пулиси Душанбе аз ошкори беш аз 200 ҳолати парвариш ва нигоҳдории ғайриқонунии чорво дар ҳудуди пойтахт иттилоъ дод. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, дар бораи ин қонун, манъ будани парвариши кадом навъи чорво ва ҳаҷми ҷарима, ки бо баланд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд шуд,  ёдоварӣ  кунад.

Қонун дар бораи манъи парвариши чорвои хурду калони шохдор ва паррандаҳо дар ҳудуди пойтахт моҳи майи соли 2009 бо қарори вакилони халқи шаҳри Душанбе қабул шуд. Ин мамнуъият бар асоси қонун “Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон”, ки президент моҳи май имзо кард, сурат гирифта буд.

Илова бар ин, аз минтақаҳои ҷумҳурӣ ба воситаи ҳудуди пойтахт ба чарогоҳҳо интиқол додани чорво низ манъ аст.

Соли 2019, баъд аз даҳ сол, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз манъи парвариши чорво дар пойтахт ёдрас шуда, ба масъулин супориш дод, ки назорати иҷрои ин меъёрро пурзӯр кунанд.

Гуфта мешуд, меъёрҳои қонун асосан дар ноҳияву кӯча ва маҳаллаҳое риоя намешавад, ки аввали соли 2019 ба ҳудуди пойтахт ҳамроҳ карда шуданд. Чанд сол пеш аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Ваҳдату Варзоб ҳудуди Душанбе васеъ карда шуд.

Парвариш ва нигоҳдории кадом навъи чорво ва паррандаҳо дар пойтахт манъ аст ва чӣ қадар ҷарима барои риоя накардани он таъин мешавад, дар тасвирбаён бинед:

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.