Манъи парвариши чорво дар пойтахт ёдрас шуд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 7-уми ноябр дар мавриди баррасии рафти иҷрои меъёри қонун “Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон”, ки ба сокинони шаҳр парвариш ва нигоҳдории чорвои хонагиро манъ мекунад, машварат баргузор кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, Рустами Эмомалӣ ба муовинони соҳавӣ ва роҳбарони сохторҳои дахлдор дастур дод, ки назорати иҷрои […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 7-уми ноябр дар мавриди баррасии рафти иҷрои меъёри қонун “Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон”, ки ба сокинони шаҳр парвариш ва нигоҳдории чорвои хонагиро манъ мекунад, машварат баргузор кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, Рустами Эмомалӣ ба муовинони соҳавӣ ва роҳбарони сохторҳои дахлдор дастур дод, ки назорати иҷрои ин меъёрро пурзӯр созанд.

Дар машварат зикр шудааст, ки сабаби муҳокимаи ин масъала на ҳама вақт дар пойтахт иҷро шудани меъёрҳои қонуни мазкур мебошад.

“Ахиран ҳодисаҳои ба парваришу нигоҳдории гӯсфанду буз ва гов машғул шудани сокинон дар ҳавлиҳои пойтахт зиёд шудааст”, – гуфт як манбаъ аз шаҳрдорӣ.

Ба қавли ӯ, меъёрҳои қонун асосан дар он ноҳияву кӯча ва маҳаллаҳое риоя намешаванд, ки аввали соли равон аз ҳисоби заминҳои наздики шаҳр ҷойгирбудаи ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб ба пойтахт ҳамроҳ карда шуданд.

Моҳи майи соли 2009 дар Душанбе қонуне қабул шуд, ки мувофиқи он парвариш ва нигоҳдории чорвои хурду калон, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ манъ шуд.

Ин ба гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ (тӯтӣ, бедона ва ғайра), ки соҳибонашон барои онҳо иҷозатномаи махсуси хадамоти байторӣ доранд, дахл надошт.

Барои риоя накардани ин меъёри қонун шахсони воқеӣ дар ҳаҷми аз 550 то 1100 сомонӣ ва шахсони ҳуқуқӣ аз 5500 то 16500 сомонӣ ҷарима карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.