Дар Тоҷикистон корхонаи коркарди нафт ба таври озмоишӣ ба кор оғоз кардааст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корхонаи бузурги коркарди нафт, ки ҳанӯз соли 2018 дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и “Данғара” сохта шуда буд, охири соли гузашта ба таври озмоишӣ ба кор даромад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 11 феврал вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода хабар дод.

“Соли гузашта 1622 тонна нафти пурра коркарднашуда оварда шуда, аз он 800 тонна бензин истеҳсол шуд”, – иброз дошт вазир.

Мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки корхона давоми соли равон комилан ба кор дароварда мешавад.

“Мо кӯшиш мекунем корхонаи мазкур, ки сармоягузорони Чин ба он 100 млн доллар сармоягузорӣ кардаанд, бекор намонад”, – илова намуд Завқизода.

Қаблан охири ҳафтаи гузашта вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор намуд, ки мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи коркарди нафти “Данғара” дар МОИ “Данғара” ҳамин сол ба нақша гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар мавриди таъмини корхонаи мазкур бо ашёи хом бо ширкати “Татнефт”-и Русия ва ширкати нафту гази SOCAR-и Озарбойҷон тавофуқҳо ҳосил шудааст.

Сохтмони корхонаи коркарди нафти мазкур бо иқтидори лоиҳавии 1,2 млн тонна нафт дар як сол моли 2014 дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” оғоз шуд. Сохтмони ин иншооти саноатӣ соли 2018 ба охир расид. Он аз ҷониби корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин TK-oil сохта шуда, ширкати Dong Ying heli Investment and Development муассиси он мебошад. Аммо бинобар сабаби мавҷуд набудани ашёи хоми муносиб аз ҳамон замон фаъолият надорад. Давра ба давра дар бораи нияти аз Қазоқистону Туркманистон ва Эрон интиқол додани нафт ба ин корхона хабар дода мешуд, лекин ҳоло ҳам масъала ҳалношуда боқӣ мемонад.

Коршиносони мустақил ҳанӯз аз оғози замони сохтмони корхона аз бунёди чунин корхонаи бузурги коркарди нафт дар қаламрави кишвар, ки захираҳои кофии нафт надорад, изҳори тааҷҷуб мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, сармоягузорони Чин ният доштанд, ки дар қаламрави МОИ “Панҷ” боз як корхонаи коркарди нафт созанд, лекин баъдан аз ин нияташон даст кашиданд.

Завқӣ Завқизода ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки бо сармоягузорони Чин соли гузашта дар ин хусус ёёдошти дахлдор ба имзо расидааст. Лекин пас аз баргузории таҳлил, сармоягузорон самти фаъолияти худро дар Тоҷикистон тағйир дода, ба истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ гузаштанд.

Дар ҳаимн ҳол, Амрулло Раҳимзода роҳбари МОИ-и "Данғара” дар нишасти матбуотии ҳукумати Данғара гуфт, корхонаи нафту гази охири соли 2024 ба фаъолият оғоз карда, ҳоло ашёи хомро аз Афғонистон ворид мекунад.

Номбурда мушаххас нагуфт, ки ин корхона кай ба истифода дода шуд ва танҳо иттилоъ дод, ки танҳо дар моҳи декабри соли 2024-ум ин корхона 24 тонна бензини навъи 92 истеҳсол карда, ба Афғонистон содирот кардааст. 

“Ҳамчунин, дар моҳи январи соли 2025-ум 825 тонна бензини навъи 92 истеҳсол ва ба Афғонистон содирот кард. Ашёи хом бошад, барои коркард аз Эрон ворид карда мешавад”, – гуфт Амрулло Раҳимзода.

Бино ба маълумоти оморӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 16 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст, ки метавонад ҳамагӣ ҳудуди 1,5% аз талаботи умумии корхонаи коркарди нафти “Данғара”-ро бароварда созад.

Соли гузашта дар ҷумҳурӣ ҳудуди 3,6 ҳазор тонна бензин ва 3 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ истеҳсол шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ, соли 2024 ба Тоҷикистон зиёда аз 1 млн тонна маҳсулоти нафтӣ ва ҳудуди 370 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудаст. Воридкунандаи асосии маҳсулоти нафти ба Тоҷикистон Русия ва гази моеъ – Қазоқистон боқӣ мондаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...