“Тартибро вайрон карда, хеста рафтанд”. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сабаби сабтином нашудани нозирони САҲА-ро шарҳ дод

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сабаби иҷозаи назорат ё худ парвона нагирифтани нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар интихоботи порлумонии Тоҷикистонро шарҳ дода, гуфт, ки “онҳо аз пеши худ таърихи сабтином муайян карданд”. Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рӯзи 4-уми феврал дар як баёнияе эълон кард, ки “набудани кафолат аз […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сабаби иҷозаи назорат ё худ парвона нагирифтани нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар интихоботи порлумонии Тоҷикистонро шарҳ дода, гуфт, ки “онҳо аз пеши худ таърихи сабтином муайян карданд”.

Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рӯзи 4-уми феврал дар як баёнияе эълон кард, ки “набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабтином ё аккредитатсияи нозирон” боис шуд, ки аз назорати интихоботи моҳи март даст кашад.

Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотии имрӯз, 11-уми феврал, дар посух ба саволи “Азия-Плюс” гуфт, ки Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА ду маротиба таърихи сабтином пешниҳод карданд: аввал то 31-уми январ ва баъдан то 3-юми феврал хостанд, ки Тоҷикистон мушоҳидони онҳоро сабтином кунад.

“Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии мо тартибу қоидаи худашро дорад ва дар ин муҳлате, ки онҳо хостанд нозиронашонро ба қайд гиранд, роҳбарияти ин комиссия ҳам дар интихоботи Белорусу дигар ҷойҳо иштирок мекарданд ва мо натавонистем дар таърихи 31-уми январ ва 3-юми феврал ба қайд гирем”, – гуфт гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар идома афзуд, ки масъулини Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА пас аз ин дар Шӯрои доимии САҲА дар Вена ин масъаларо “аз нуктаи назари манфӣ ба тамоми аъзоёни ин созмон” расониданд.

Ӯ таъкид кард, ки “дар ин масъала ҷониби Тоҷикистон ягон гуноҳ надоранд, онҳо худашон тартибро вайрон карда, хеста рафтанд. Новобаста аз ин, ба ҳама ниҳодҳои САҲА дари мо кушода аст ва омодаи ҳамкорӣ ҳастем. Мо дарамонро ба рӯи онҳо набастаем”.

Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бо нашри як баёния гуфт, ба далели “набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон”-аш барои арзёбии интихоботи парлумонии Тоҷикистон нозиронашро намефиристад.

“Мо сидқан афсӯс мехӯрем, ки мушоҳидаи интихоботи ояндаи парлумонӣ дар Тоҷикистон акнун имконнопазир аст. Набудани кафолатҳои расмӣ барои кори нозирони мо то як моҳ пеш аз рӯзи интихобот моро маҷбур сохт, ки аз назорат даст кашем”, – гуфт Мария Телалян, роҳбари Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА.

САҲА ҳамаи интихоботҳои Тоҷикистонро назорат кардааст ва ин бор мехостааст, барои назорати интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон 20 нозири дарозмуддат ва 150 нозири кӯтоҳмуддат равон кунад, вале ҳоло аз ин кор худдорӣ кардааст.

Дар Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИР) аз шарҳи ин изҳороти САҲА худдорӣ карданд.

Коршиносон мегӯянд, ҳузур ё адами нозирони САҲА дар интихоботи Тоҷикистон ба раванди интихобот таъсир намерасонад.

Ёдовар мешем, ки интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.