Беш аз 506 млн сомонӣ зарари молиявӣ. Қариб 400 кас ҷарима ва наздикӣ 40 корманд аз вазифа озод шудаанд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон соли 2024 дар сохтору идораҳои давлатӣ 192 санҷиши молиявӣ гузаронида, 506,7 миллион сомонӣ зиёни молиявиро ошкор кардааст. Ин нисбат ба соли 2023-юм беш аз 101 миллион сомонӣ бештар аст.

Дар ин бора имрӯз, 12-уми феврал Ҷамшед Каримзода, раиси ин ниҳод дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои ӯ, санҷишҳои аудиторӣ муайян кардаанд, ки зарари молиявӣ махсусан дар Вазорати маориф ва  сохторҳои он, Агентии захираҳои моддӣ ва сохторҳои он, Вазорати энергетика ва сохторҳои он, Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, Кумитаи дин ва дигар сохтору корхонаҳо окшор шудааст.

 

Чанд нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд?

Ҷамшед Каримзода гуфт, ки дар пайи ошкор шудани қонуншиканиҳои молиявӣ дар ниҳод ва корхонаҳои давлатӣ 382 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва моддӣ кашида шуда, 38 кас аз вазифа барканор шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, 21 нафаре, ки аз вазифа барканор гардидаанд, кормандони “Амонатбонк” мебошанд, ки бештарашон сармуҳосиб будаанд.

Ҳамчунин, барои тасарруфи маблағ ва изофанависӣ кормандони ин ниҳод аз вазифа озод шудаанд:

3 корманди Вазорати маориф ва сохторҳои он;

9 корманди ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо;

2 корманди Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф;

2 корманди КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва сохторҳои он;

1  корманди Оҷонсии зиддинашъаи кишвар.

Ҷамшед Каримзода иброз дошт, ки 45 маводи таҳиякарда аз натиҷаи санҷишҳои аудиториро дар ҳаҷми 33,8 миллион сомонӣ “барои ҷораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол кардаанд.

“Аз ҷумла ба Прокуратураи генералӣ 19 мавод ба маблағи 22 млн сомонӣ, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия 25 мавод ба маблағи 11,8 млн сомонӣ ва ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 1 мавод ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ирсол гардид”,- гуфт раиси Палатаи ҳисоб.

Ҳоло маълум нест, ки ин ниҳодҳо дар асоси маводҳои пешниҳодкардаи Палатаи ҳисоб чӣ қарор баровардаанд.

Қаблан низ дар асоси тавсияи Палатаи ҳисоб чанд корманди масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва мақомоти иҷроия дар бархе ноҳияҳо барои зарари молиявӣ ба давлат аз вазифа барканор шуда буданд.

Бояд гуфт, ки Палатаи ҳисоб дар як сол ду маротиба натиҷаҳои санҷишҳои аудиториро эълон мекунад ва хулосаи онро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва корхонаву сохторҳои давлатӣ барои ҷораҷӯӣ пешниҳод мекунад.

Дар баробари ин Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон низ зиёни молиявиро дар корхонаву сохторҳои кишвар муайян мекунад. Ин ниҳод ахиран беш аз 200 миллион сомонӣ зарари молиявиро дар 9 моҳи соли 2023 эълон карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...