КҲФ, Идораи зиндонҳо, Кумитаи ҷавонон. Беш аз 10 мақомдор барои расонидани зарари молиявӣ аз вазифа озод шуданд

Чанд корманди масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва мақомоти иҷроия дар бархе ноҳияҳоро барои зарари молиявӣ ба давлат аз мақомашон барканор кардаанд. Дар ин бора аз Палати ҳисоби Тоҷикистон хабар доданд. Манбаъ гуфт, онҳо дар асоси камбудию норасоиҳои молиявии ошкоршуда дар 9 моҳи соли […]

Asia-Plus

Чанд корманди масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва мақомоти иҷроия дар бархе ноҳияҳоро барои зарари молиявӣ ба давлат аз мақомашон барканор кардаанд. Дар ин бора аз Палати ҳисоби Тоҷикистон хабар доданд.

Манбаъ гуфт, онҳо дар асоси камбудию норасоиҳои молиявии ошкоршуда дар 9 моҳи соли ҷорӣ ва бо тавсияи Палатаи ҳисоб аз вазифа озод шудаанд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, барои камбудию норасоиҳои молиявӣ дар 9 моҳи соли равон 242 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуда, 11 нафар, аз вазифаи ишғолнамудаашон озод гардиданд.

“Аз шумораи умумӣ, 2 нафари онҳо корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, 2 нафари дигар кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, 3 нафар корманди  кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа” ва сохторҳои тобеи он, 1 нафар аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, 2 нафар аз ҳукумати ноҳияи Носири Хусрав ва 1 нафар аз ҳукумати  Шаҳринав буданд”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Аз Палатаи ҳисоб таъкид карданд, ки санҷиш ва муҷозоти мақомдорони давлатӣ бо мақсади пешгирӣ ва рафъи амалҳои коррупсионӣ гузаронида шудааст.

Манбаъ афзуд, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо, марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 26 хулосаю мактубҳои иттилоотӣ бо 1367 тавсия ирсол шудааст.

Ин ниҳод афзудааст, ки дар доираи ваколати худ дар бораи натиҷаҳои чорабиниҳои аудиторӣ тавсияҳои судмандро барои бартарафсозии қоидавайронкуниҳои молиявӣ пешниҳод менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.