Оғози музокироти Амрико ва Русия дар Риёз. Поёни ҷанг дар Украина дар меҳвари музокира хоҳад буд

Дар пойтахти Арабистони Саудӣ, шаҳри Риёз музокироти расмии Русия ва Амрико барои поён додани ҷанг дар Укроин оғоз шуд. Дар ин музокирот Русияро Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷӣ ва Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури ин кишвар намояндагӣ мекунанд. Аз ҷониби Амрико Марко Рубио, вазири хориҷа, Ҷон Рэтклиф, раиси Хадамоти марказии истихборот, Майк Уолтс, мушовири амнияти миллӣ […]

Asia-Plus

Дар пойтахти Арабистони Саудӣ, шаҳри Риёз музокироти расмии Русия ва Амрико барои поён додани ҷанг дар Укроин оғоз шуд. Дар ин музокирот Русияро Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷӣ ва Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури ин кишвар намояндагӣ мекунанд.

Аз ҷониби Амрико Марко Рубио, вазири хориҷа, Ҷон Рэтклиф, раиси Хадамоти марказии истихборот, Майк Уолтс, мушовири амнияти миллӣ ва Стив Уиткоф, фиристодаи махсуси ин кишвар дар Ховари Миёна иштирок доранд.

Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия мегӯяд, ба ҳайати Русия мумкин аст Кирилл Дмитриев, раҳбари Фонди сармоягузориҳои мустақими Русия барои баррасии масоили иқтисодӣ ҳамроҳ гардад.

Ин аввалин музокироти рӯбарӯи мақомоти ду кишвар пас аз ҳуҷуми Русия ба Укроин дар феврали соли 2022 аст.

Дар музокирот ҳамчунин Файсал бин Фарҳон, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ ва Мусаид бен Муҳаммад, мушовири амнияти миллии ин кишвар ҳузур доранд.

Дар ҳамин ҳол, дар ин музокирот ҳеҷ намояндае аз Укроин ва кишварҳои аврупоӣ даъват нашудаанд. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин чанде пеш гуфт, ки ҳеҷ созишеро, ки дар музокироти он ширкат надошта бошад, намепазирад.

Расонаҳо навиштаанд, ки Амрико бо баргузории ин музокирот мехоҳад фаҳмад, ки ки оё Русия дар мавриди поён додани ба ҷанг ҷиддӣ аст ё не. Русия ин музокиротро одисозии робитаҳояш бо Амрико тавсиф кардааст.

Кремл қаблан изҳор дошта буд, ки ин музокирот ба барқарорсозии муносибатҳои дуҷониба, таҳияи музокироти эҳтимолӣ дар бораи ҷанг бо Украина ва барномарезии дидори шахсии руасои ҷумҳури Русия ва Амрико, Владимир Путин ва Доналд Трамп бахшида мешавад.

Ёдрас мешавем, ки қарори баргузории музокироти Русия ва Амико бар сари поёни ҷанг дар Укроин баъди гуфтугӯи телефонии Путин ва Трамп, ки 12 феврал сурат гирифт, қабул шуд. Дар меҳвари ин гуфтугӯи телефонӣ масъалаи ҷанг дар Укроин қарор дошт. Трамп баъи суҳбат бо Путин эълон кард, ҳайатҳои ду кишвар дар масъалаи Укроин "фавран музокиротро оғоз хоҳанд кард".

Баъдтар Марко Рубио,  вазири хориҷаи Амрико тавзеҳ дод, ки ин вохӯриро ҳанӯз наметавон "музокирот" номид, зеро феълан он танҳо як талошест барои дарки мавқеи якдигар.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.