Саломатии кӯдаке, ки дар Хуҷанд зери мошин монд, муътадил арзёбӣ мешавад

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Вазъи саломатии кӯдаке, ки навори зери мошин мондани ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳо ба миён овард, муътадил арзёбӣ мешавад ва ҳоло ӯ дар беморхона қарор дорад. Дар ин бора Абдураҳим Қурбониён,  муовини  сардори Раёсати маорифи вилояти ба “Азия-плюс” хабар дод.

Дар навор, ки се рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, дида мешавад, ки як писарча, ки дар тан либоси мактабӣ дорад, мехоҳад аз роҳ гузарад, аммо як мошин бо суръати баланд писарро мезанад ва суръатро паст карда натавониста, чанд метр бо худ мебарад. Аксари корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ аз вазъи саломатии ин писар нигаронӣ карданд.

Аз Раёсати маорифи вилояти Суғд аз ин писар Ю.У., хонандаи синфи 4-и яке аз гимназияҳои шаҳри Хуҷанд ном бурданд ва гуфтанд, ӯ баъди дарс мехост ба хонааш баргардад ва “аз беэҳтиётӣ ба садама дучор шуд”.

Духтурон ҳоли ӯро сабук арзёбӣ карданд ва гуфтанд, пояш осеб дидааст.

Аз РВКД вилояти Суғд гуфтанд, ҳодиса тақрибан соати 11:30 рӯзи 17-уми феврал дар роҳи дохили шаҳри Хуҷанд рух дода, “ронандаи нақлиёти тамғаи “BYD” сокини шаҳри Хуҷанд, А.А бехатарии таъмини ҳаракат роҳро таъмин карда натавониста, ноболиғи соли таваллудаш 2014-ро пахш намуд, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта ба беморхона интиқол ёфтааст”.  

Ба гуфтаи манбаъ, ронанда ҳоло боздошт нашуда, нисбаташ парванда ҳам боз нашудааст. Аз РВКД Суғд гуфтанд, танҳо “баъди хулосаи экспиртизаи тиббӣ- судӣ аз руйи ҷароҳати расондашуда ҷазо татбиқ мешавад”.

Назари волидайни кӯдак то ҳол дастрас нест.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон соли гузашта 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин дар муқоиса ба соли 2023 122 маротиба бештар аст. Дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 552 кас ҷон бохта, ҳазору 353 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...