Огоҳии Бонки миллӣ аз зиёдшавии ҳолатҳои қаллобӣ тавассути “Telegram” ва “WhatsApp”

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бори дигар шаҳрвандонро аз фаъолшавии қаллобон, ки платформаҳои интернетиро барои фиреб истифода мекунанд, огоҳ мекунад. Ҳолатҳои қаллобӣ бахусус дар шабакаҳои иҷтимоии Telegram ва WhatsApp ба мушоҳида мерасанд. Дар ин бора шуъбаи матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. “Қаллобон ба шумо занг зада, метавонанд худро корманди ташкилоти тиҷоратӣ муррифӣ намоянд, дар гирифтани […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бори дигар шаҳрвандонро аз фаъолшавии қаллобон, ки платформаҳои интернетиро барои фиреб истифода мекунанд, огоҳ мекунад. Ҳолатҳои қаллобӣ бахусус дар шабакаҳои иҷтимоии Telegram ва WhatsApp ба мушоҳида мерасанд. Дар ин бора шуъбаи матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

“Қаллобон ба шумо занг зада, метавонанд худро корманди ташкилоти тиҷоратӣ муррифӣ намоянд, дар гирифтани қарз ё дарёфти даромади осон ваъдаи кумак диҳанд, бо баҳонаи ба итмом расидани муҳлати корт ё гӯё вуҷуд доштани кӯшиши тасарруфи пул аз корти бонкиатон рақами корт, калимаи калидӣ, CVV рамзро пурсанд, ё ин ки тавассути мессенҷер ба шумо файли шубҳанок ирсол намоянд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Дар Бонки миллӣ боисрор тавсия медиҳанд, ки  дар чунин ҳолатҳо ҳушёру боэҳтиёт буда, ҳеҷ гоҳ тариқи телефон ё интернет маълумоти бонкии худро ба каси дигар надиҳанд.

Таъкид мешавад, ки бонк ё ташкилоти қарзии молиявӣ маблағҳоро тавассути Фейсбук, Телеграмм, Инстаграм ё дигар шабакаҳои маҷозӣ пешниҳод намекунад.

Илова бар ин, зикр мекунанд дар БМТ, Бонк ба шахсони воқеӣ шаҳодатнома ё иҷозатнома (литсензия) барои гузаронидани амалиётҳоро намедиҳад.

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки барои фирефтаи қаллобон нагардидан ба таблиғҳои бардурӯғ (фейкӣ) бовар накунанд, эҳтиёткор бошанд ва аз гузаронидани маблағ ба кортҳое, ки аз ҷониби чунин ашхос пешниҳод мегардад, худдорӣ намоянд.

Ин аввалин огоҳии Бонки миллии Тоҷикистон нест. Моҳи декабри соли 2024 БМТ таваҷҷуҳи аҳолиро ба эълонҳое, ки аз ҷониби қаллобон аз номи БМТ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешуданд, ҷалб карда буд. Дар изҳорот зикр шуда буд, ки ин эълонҳо ба Бонки миллӣ ҳеҷ муносибате надоранд.

Гуфта мешуд, қаллобон барои фиреби шаҳрвандон аз номи ширкат ва шахсиятҳои маъруф, аз ҷумла ширкатҳои «Toyota», «Beko», бонкҳои «Эсхата», «Амонатбонк», «Душанбе Сити Банк», инчунин номи президент ва шаҳрдори Душанбе истифода мебаранд.

Ҳамчунин чанде пеш сомонаи бардурӯғе ошкор шуд, ки аз номи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” маълумоти бардурӯғ ва хидматрасониҳои шубҳанокро пешниҳод мекард. Дар хабари ин сомонаи ҷаълӣ (фейкӣ) зикр мешуд, ки гӯиё Бонки миллии Тоҷикистон барои мусоҳиба бо блогери маъруф Ёдгор Исломбеков аз болои ҳунарманд Таҳмна Раҷабова ба додгоҳ шикоят мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.