“Истиқлол” пас аз се сол боз Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) "Артиш" (КМВА-Клуби марказии варзишии артиш)-ро шикаст дода, бори ҳафтум ғолиби ин мусобиқа шуд.

Набарди ду дастаи Душанбе дар финали Ҷоми ФФТ рӯзи 22-юми феврал дар Варзишгоҳи марказии пойтахт сурат гирифта, бо натиҷаи 2:0 ба нафъи "Истиқлол" анҷом ёфт. Ҳарду голро Денис Беганович, бозигари марказии босниягии "Истиқлол" дар қисми аввали вохӯрӣ зад.

Бо ҳамин "Истиқлол" барои бори 7-ум ғолиби Ҷоми ФФТ гардид. Ин даста қаблан солҳои 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2021 дар мусобиқаи мазкур ғолиб омада буд.

Ҳамчунин, рӯзи 22-юми феврал қабл аз бозии финалӣ дастаҳои “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва “Сомон”-и ноҳиям Данғара барои ба даст овардани медалҳои биринҷии мусобиқа рақобат карданд. Дар ин мубориза дастаи “Панҷшер” бо ҳисоби 3:0 бар муқобили “Сомон” ғалаба карда, ҷои сеюми мусобиқаро соҳиб гардид.

Барои ин мусобиқа дар умум 100 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд.

Дастаи “Истиқлол”, қаҳрамони мусобиқа 50 ҳазор сомонӣ, медалҳои тилло ва ҷомро ба даст овард. Барандаи медалҳои нуқра – дастаи "Артиш" (КМВА) соҳиби 30 ҳазор сомонӣ шуд.

Дастаи зинаи сеюм – “Панҷшер” 20 ҳазор сомонӣ ва медалҳои биринҷиро моли худ кард.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта Ҷоми ФФТ-ро дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб соҳиб шуда буд. Ин даста дар финал “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор бо натиҷаи 1:0 ноком кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...