“Истиқлол” пас аз се сол боз Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) "Артиш" (КМВА-Клуби марказии варзишии артиш)-ро шикаст дода, бори ҳафтум ғолиби ин мусобиқа шуд. Набарди ду дастаи Душанбе дар финали Ҷоми ФФТ рӯзи 22-юми феврал дар Варзишгоҳи марказии пойтахт сурат гирифта, бо натиҷаи 2:0 ба нафъи "Истиқлол" анҷом ёфт. Ҳарду голро Денис Беганович, бозигари марказии […]

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) "Артиш" (КМВА-Клуби марказии варзишии артиш)-ро шикаст дода, бори ҳафтум ғолиби ин мусобиқа шуд.

Набарди ду дастаи Душанбе дар финали Ҷоми ФФТ рӯзи 22-юми феврал дар Варзишгоҳи марказии пойтахт сурат гирифта, бо натиҷаи 2:0 ба нафъи "Истиқлол" анҷом ёфт. Ҳарду голро Денис Беганович, бозигари марказии босниягии "Истиқлол" дар қисми аввали вохӯрӣ зад.

Бо ҳамин "Истиқлол" барои бори 7-ум ғолиби Ҷоми ФФТ гардид. Ин даста қаблан солҳои 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2021 дар мусобиқаи мазкур ғолиб омада буд.

Ҳамчунин, рӯзи 22-юми феврал қабл аз бозии финалӣ дастаҳои “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва “Сомон”-и ноҳиям Данғара барои ба даст овардани медалҳои биринҷии мусобиқа рақобат карданд. Дар ин мубориза дастаи “Панҷшер” бо ҳисоби 3:0 бар муқобили “Сомон” ғалаба карда, ҷои сеюми мусобиқаро соҳиб гардид.

Барои ин мусобиқа дар умум 100 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд.

Дастаи “Истиқлол”, қаҳрамони мусобиқа 50 ҳазор сомонӣ, медалҳои тилло ва ҷомро ба даст овард. Барандаи медалҳои нуқра – дастаи "Артиш" (КМВА) соҳиби 30 ҳазор сомонӣ шуд.

Дастаи зинаи сеюм – “Панҷшер” 20 ҳазор сомонӣ ва медалҳои биринҷиро моли худ кард.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта Ҷоми ФФТ-ро дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб соҳиб шуда буд. Ин даста дар финал “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор бо натиҷаи 1:0 ноком кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.