Чанд расонаи мустақил, аз ҷумла “Азия-Плюс” аз бозтоби интихоботи парлумонӣ маҳрум шуданд

Asia-Plus

Дар баробари чанд расонаи дигар хабаргузории “Азия-Плюс” ҳам имсол ҳаққи пӯшиши интихоботи парлумонии Тоҷикистонро, ки рӯзи 2-юми март баргузор мешавад, надорад. Аз КМИРТ гуфтанд, барои бозтоби интихобот парвона ё иҷозатнома дарёфт бояд кард. Дар ҳоле ки қонун ва ҳуқуқдонҳо мегӯянд, фаъолияти ин ниҳод барои расонаҳо дастрас бошад.

“Азия-Плюс” нимаҳои моҳи феврали соли равон барои дарёфти иттилоъ ба Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) муроҷиат кард, вале аз ин ниҳод гуфтанд, ки “шумо ҳаққи инъикоси интихоботро надоред, чунки барои дарёфти парвона ба ин ниҳод муроҷиат накардаед”. Ҳамин тариқ, ин ниҳод ба “Азия-Плюс” иттилоъ намедиҳад ва барои дарёфти он тавсия медиҳад, ки ба расонаҳои сабтиномшуда муроҷиат кунем.

Аз ин ниҳод гуфтанд, мӯҳлати охирини гирифтани иҷозатнома ё парвона 10-уми феврал муайян гардида буд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузорӣ тартиб ва муҳлати гирифтани иҷозатнома бояд пешакӣ эълон мешуд. Аммо ин эълон танҳо дар як гӯшаи ноаёни сомонаи КМИР нашр шуда, расонаҳо расман огоҳ нашуда буданд.

Дар баробари “Азия-Плюс” чанд расонаи байналмилалӣ, аз ҷумла Радиои Озодӣ ва “Би Би Си” низ аз бозтоби интихобот маҳрум шудаанд. Ба ин ду расона ҳам гуфтаанд, ки “бо сабаби муроҷиати дер, парвонаи кор дастрас намешавад”.

КМИР ба ин расонаҳо ҳам тавсия додааст, ки “маълумоти мавриди таваҷҷуҳро метавонед аз сомонаи Комиссияи марказии интихобот ва расонаҳое, ки аккредитатсия шудаанд, дастрас намоед”.

Хуршеди Атовулло, мудири Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки ҳафтаномаи “Фараж” дар ихтиёраш аст, гуфт, ҳоло ин расона имкони бозтоби интихоботро надоранд ва аз ин рӯ, барои гирифтани парвона муроҷиат накарданд. Онҳо маълумотро аз сомонаҳои расмии вобаста ба интихобот мегиранд

Тибқи иттилои дастрас танҳо чанд расонаи ҳукуматӣ барои бозтоби интихоботи парлумонӣ сабти ном шудаанду халос.

Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузорӣ Комиссия бояд фаъолияти худро ба таври шаффоф амалӣ намояд ва ҷаласаҳои он ошкоро гузаронида шуда, барои аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дастрас бошанд (моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”).

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ин маъракаҳо барои ВАО бояд тариқи тартиби огоҳномавӣ сурат гирад, на иҷозатномавӣ.

Мувофиқи қонуни нави низоми иҷозатномадиҳӣ (аз 30 июни 2023) КМИР ба ВАО бояд як бор шаҳодатнома барои инъикоси раванди интихобот диҳат ва он бемӯҳлат аст. Ин шаҳодатнома бояд то барҳам хӯрдани фаъолияти ВАО эътибори қонунӣ дошта бошад. Тибқи он минбаъд дар тамоми маъракаҳои сиёсӣ расонаҳо имкони иштирок тариқи огоҳониданро доштаанд.

Имсол на танҳо расонаҳо, инчунин, бархе нозирони байналмилалӣ ҳам аз ҳаққи назорати интихобот маҳрум шуданд. Аз ҷумла, Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, ки қаблан интихобтҳои Тоҷикистонро назорат мекард, эълон кард, ки барои назорати интихоботи парлумонӣ ба Тоҷикистон нозирони худро намефиристад.

Ин созмон далели дасткашӣ аз назорати интихоботи парлумониро “набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон”-аш унвон кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт САҲА ба сабаби вайрон кардани тартиби бақайдгирӣ сабти ном нашуданд.  

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 2-юми март баргузор мешавад.

Ба ғайр аз Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолифи ҳукумати кишвар гуфта мешуд, 6 ҳизби дигари сиёсӣ номзадҳои худро барои интихобот пешниҳод кардаанд.

Ҳоло 220 номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ ва якмандатиҳо барои дарёфти 63 курсӣ дар парлумон талош мекунанд.

Ҳамаи ин ҳизбзҳо ошкору пинҳон аз ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд ва коршиносони мустақил мегӯянд, онҳо дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар маҷлиси навбатии ҳукумат омодагии кишвар ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2026-2027 баррасӣ шуд

Дар маҷлиси навбатии ҳукумаи Тоҷикистон, ки имрӯз, 28-уми март таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд, омода кардани кишвар ба мавсими тирамоҳу зимистони...

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...