Ҷасади ронандаи зери тарма мондаро як рӯз баъд пайдо кардаанд

Дар километри 80-уми роҳи Душанбе-Чаноқ як мошини тамғаи “Mercedes Benz” (спринтер) зери тарма монда, дар натиҷа ронанда ҷон бохтааст. Ин хабарро аз ширкати IRS тасдиқ карда гуфтанд, ҳодиса рӯзи 26-уми феврал дар мавзеи Зимарғи ҳудуди ноҳияи Айнӣ рух додааст. Ба гуфтаи масъулини ин ширкат, баъди муроҷиати пайвандони ронанда наҷотдиҳандагони ин ширкат ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи […]

Asia-Plus

Дар километри 80-уми роҳи Душанбе-Чаноқ як мошини тамғаи “Mercedes Benz” (спринтер) зери тарма монда, дар натиҷа ронанда ҷон бохтааст. Ин хабарро аз ширкати IRS тасдиқ карда гуфтанд, ҳодиса рӯзи 26-уми феврал дар мавзеи Зимарғи ҳудуди ноҳияи Айнӣ рух додааст.

Ба гуфтаи масъулини ин ширкат, баъди муроҷиати пайвандони ронанда наҷотдиҳандагони ин ширкат ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи водии Зарафшон як рӯз баъд, 27 феврал ҷасадро аз дохили мошин берун кардаанд.

Аз  ронандаи мошин Шӯҳрат Муминов ном бурда мешавад, ки сокини 38-солаи деҳаи Дурманбулоқи ноҳияи Варзоб будааст. Гуфта мешавад, ӯ дар воситаи нақлиёт танҳо будааст.

Қаблан, 25 феврали соли ҷорӣ як мошин дар ин роҳ зери тарма монда, дертар мусофиронро наҷот дода буданд. Гуфта мешуд, танҳо субҳи он рӯз дар роҳи Душанбе-Чаноқ 14 тарма фаромадааст.

Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии обуҳавошиносӣ шаҳрвандонро аз номусоидии ҳаво ва фаромадани тарма дар масирҳои муайян огоҳ карда буд ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба мусофирон ҳушдор дода буд, ки аз сафар ба минтақаҳои дурдасти кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки роҳи Душанбе-Чаноқ ягона масир аст, ки маркази кишварро бо шимоли он мепайвандад. Ин роҳи кӯҳӣ буда, ҳамасола дар натиҷаи боришоти зиёди барф ва фаромадани тарма соатҳо ва ҳатто рӯзҳо баста шуда, дар баъзе ҳолатҳо фаромадани тарма боиси марги ронандаҳо ва мусофирон мешавад. Масъули нигоҳубини ин роҳ ширкати “IRS” буда, бар ивази нигоҳубини роҳ аз ҳар як мошин маблағи муайян меситонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.