Роҳи Ворух мақоми бетараф мегирад. Тафсилоти созишномаи марзӣ бо Қирғизистон

Дирӯз, 27-уми феврал, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) дар баромади худ дар Жогорку Кенеш (парламенти Қирғизистон) зимни муаррифии созишномаи муайян кардани марз бо Тоҷикистон дар бораи роҳи Ворух низ сухан гуфт. Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ҷузъиёти созишномаро расман шарҳ надодааст, вале бо такя ба изҳороти Тошиев, кӯшиш кардем фаҳмем, ки ин роҳ дар […]

Asia-Plus

Дирӯз, 27-уми феврал, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) дар баромади худ дар Жогорку Кенеш (парламенти Қирғизистон) зимни муаррифии созишномаи муайян кардани марз бо Тоҷикистон дар бораи роҳи Ворух низ сухан гуфт.

Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ҷузъиёти созишномаро расман шарҳ надодааст, вале бо такя ба изҳороти Тошиев, кӯшиш кардем фаҳмем, ки ин роҳ дар куҷо ҷойгир мешавад ва чӣ хусусият дорад.

Қамчибек Тошиев аз ҷумла гуфт, ки “тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки роҳҳои  Хоҷаӣ-Аъло – Дача – Қапчиғай – Ворух бо дарозии 3425 метр ва паҳноии 40 метр ва Мин-Орук – Самарқандак – Ориёна – Шуристон бо дарозии 3241 метр ва паҳноии 40 метр бо мақоми бетараф бунёд ва истифода шаванд".

Ӯ ҳамчунин тавзеҳ додааст, ки роҳи Ворухро ҷониби Тоҷикистон ва роҳи Самарқандакро ҷониби Қирғизистон месозад.

Дигар ҷузъиёти созишнома дар бораи роҳи Ворух маълум нест, вале эҳтимол сухан дар бораи роҳе меравад, ки аз деҳаи қирғизии Қапчиғай (Танги) давр зада мегузарад.

 

Роҳи давродавр дар Ворух

Қаблан, ҷонибҳо чандин маротиба барои сохтмони роҳи мустақим ба "бурунбум”-и Ворух ба мувофиқа расиданд, аммо роҳ сохта нашуд, зеро Қирғизистон тавафуқоти марбутаро риоя намекард.

Соли 2014 тарафҳо протоколи №34-ро имзо карданд, ки тибқи он қарор шуд, роҳи алтернативии Хоҷаӣ-Аъло – Ворух сохта шавад. Ин роҳ бояд аз деҳаи Оқ-Сой давродавр убур мекард. Тоҷикистон қисмати худашро сохт, то ки роҳи асосии Ворухро бо роҳи асосӣ пайваст кунад. Аммо Қирғизистон дар бораи қисми роҳи Ворух "фаромӯш кард".

Соли 2019, пас аз низои навбатӣ, ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки созишномаи қаблиро дубора эҳё кунанд, вале ин низ амалӣ нагардид.

Соли 2021, пас аз задухӯрди мусаллаҳона, ки дар он расман зиёда аз 50 нафар аз ҳарду ҷониб ҳалок ва зиёда аз 300 нафар маҷрӯҳ шуданд, Тоҷикистону Қирғизистон созишномаи нав имзо карданд.

Ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки роҳи нави давродаврӣ (объездная дорога) бо маблағи ҳарду кишвар сохта мешавад, аммо Тоҷикистон онро истифода ва нигоҳдорӣ мекунад.

Ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи роҳи навро омода кард ва як ҳайати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир барои мулоқоти марзӣ ҳозир шуд. Вале намояндагони Вазорати нақлиёти Қирғизистон ба ҷаласа наомаданд.Ҳеҷ яке аз мақомоти расмии Тоҷикистону Қирғизистон ин поймолшавии созишномаро шарҳ надоданд, вале роҳ низ амалӣ нашуд.

Қаблан, коршиносон дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс” чанд маротиба гуфта буданд, ки ҳалли масъалаи сохтмони роҳи мустақили Ворух метавонад дар низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон нуқта гузорад.

Дар аввал Ворух анклав набуд – он робитаи мустақими заминӣ бо ноҳияи Исфараи Тоҷикистони Шӯравӣ дошт. Вале дар ҷараёни даъвоҳои марзӣ, тағйири хати марз ва қарорҳои якҷониба, ки дар давраҳои гуногун қабул шуданд, вазъият тағйир ёфт. Дар натиҷаи таҳвили пай дар пайи заминҳо, тасвиби якҷониба ва бунёди деҳаҳо дар заминҳои баҳснок, Ворух дар муҳосираи қаламрави Қирғизистон қарор гирифт ва бурунбум (анклав) шуд.

Тафсилоти бештари таърихи ин равандро метавонед дар матлаби “Чӣ гуна Ворух анклав шуд?” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио