Моҳи март ҳаво дар Тоҷикистон салқину сербориш мешавад

Моҳи март дар Тоҷикистон ҳавои салқин ва боридани борону барф, инчунин эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо суръати шамол пурзӯр мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Дар водиҳои вилояти Хатлон ҳарорат аз меъёри маъмулӣ пасттар мешавад. Рӯзона ҳарорат аз 9 то 14 дараҷа ва шабона – 2-3 дараҷа гарм […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Моҳи март дар Тоҷикистон ҳавои салқин ва боридани борону барф, инчунин эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо суръати шамол пурзӯр мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар водиҳои вилояти Хатлон ҳарорат аз меъёри маъмулӣ пасттар мешавад. Рӯзона ҳарорат аз 9 то 14 дараҷа ва шабона – 2-3 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо рӯзона ҳарорати аз 4 то 9 дараҷа гарм ва шабона – аз 2 то 7 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад. Дар охири моҳ ҳарорат метавонад то 20-25 дараҷа гарм боло рафта, лекин борону раъду барқ бисёр шуда, суръати вазиши шамол то 12-17 м/сония мерасад.

Дар вилояти Суғд ҳарорат каме пасттар аз меъёр пешбинӣ мешавад. Рӯзона дар водиҳо ҳарорат аз 6 то 11 дараҷа гарм ва шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм дар назар аст. Дар кӯҳҳо рӯзона ҳарорати аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва шабона аз 6 то 11 дараҷа хунук пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо бахусус дар кӯҳҳо боридани борону барф дар назар буда, сураъти вазиши шамол то ба 17-22 м/сония мерасад.

Дар Ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ ҳарорат рӯзона аз 2 то 14 дараҷа гарм ва шабона – то 8 дараҷа хунук мешавад. Дар давоми моҳ обуҳавои тағйирёбанда ва бисёр  боридани борону барф дар назар аст.

Дар ноҳияҳои шарқи ВМКБ ҳарорати аз меъёр аст – аз 4 то 8 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад. Аввали моҳи март ҳарорат хеле паст – шабона то 25 дараҷа ва рӯзона – аз 4 то 9 дараҷа хунук пешбинӣ мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ ҳарорат каме баланд – то 0-8 дараҷа гарм шуда, лекин шабона ҳарорати то 11 дараҷа хунук пешбинӣ шудааст. Дар ин ноҳияҳо суръати вазиши шамол то ба 15-20 м/сония мерасад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.