Азсаргирии парвози мустақим ва то $500 млн расонидани гардиши мол. Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон боз аз чиҳо гуфтанд?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд парвозҳои мустақими ҳавопаймо миёни ду кишварро барқарор кунанд ва гардиши молро то ба 500 миллион доллари ИМА расонанд.

Ин нукта зимни сафари Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ки имрӯз, 4-уми март сурат гирифт, садо додааст.

Сомонаи Девони вазирони Қирғизистон хабар додааст, ки дар мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Одилбек Қосималиев дурнамои рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар баррасӣ гардидаанд.

“Ҷонибҳо зарурати аз сар гирифтани парвозҳои мустақим байни Қирғизистону Тоҷикистонро омили муҳими густариши равобити дуҷониба арзёбӣ карданд”, – менависад сомонаи Девони вазирони Қирғизистон.

Аммо маълум нест, ки парвозҳои миёни ду кишвар кай дигарбора барқарор мегарданд.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаи то 500 миллион доллар афзоиш додани гардиши мол миёни ду кишвар то соли 2030-юмро баррасӣ кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора то ҳол иттилое нашр накардааст.

Дар идома дар шаҳри Душанбе мулоқоти васеи ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид, навиштааст сомонаи Девони вазирони Қирғизистон. Дар музокирот масъалаҳои барқарор ва рушди минбаъдаи равобити тиҷоративу иқтисодии ҳарду кишвар баррасӣ гардидааст.

Гуфта шудааст, ки яке аз масъалаҳои асосие, ки дар музокирот баррасӣ гардидааст,  раванди омодагӣ ба нишасти сеҷонибаи раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон унвон мешавад. Қарор аст ин нишаст рӯзи 31-уми март дар Хуҷанд баргузор гардад.

Дар музокирот Одилбек Қосималиев азми Девони вазирони Қирғизистонро барои идомаи кори фаъолонаи муштарак бо ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати амиқтар кардани муносибатҳои дуҷониба ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид кардааст.

“Мехоҳам таъкид намоям, ки Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон ба идомаи кори муштарак бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои иқтисодӣ устувор аст”, – гуфтааст Қосималиев.

Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самти иқтисод имкони таъсиси Шӯрои байниҳукуматиро таҳти раёсати сарони ҳукуматҳои ду кишвар баррасӣ кардаанд. Дар музокирот ҳамчунин ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дастгирӣ ва оммавӣ кардани мероси эҷодии халқҳои Тоҷикистону Қирғизистон таъкид гардидааст.

Зимнан ҳайатҳои ду кишвар дурнамои ҳамкориҳои энергетикӣ ва имкониятҳои нави содироти нерӯи барқ ​​дар минтақаро таҳлил карда, татбиқи лоиҳаи стратегии “CASA-1000”-ро муҳим арзёбӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи майи соли 2021 барои вуруд/хуруҷ, будубош, рафту омад ва транзити шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон маҳдудият ҷорӣ шуда буд.

Маҳдудиятҳои зикргардида дар пайи муноқишаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҷорӣ гардида буд. Пас аз ду маротиба бархӯрди мусаллаҳона сари баҳси марзӣ муносибати ҳарду кишвар ба сардӣ гароид ва ҳар гуна равобит қариб пурра қатъ гардид.

Бо гузашти чанд муддат, ҷонибҳо ба сари мизи музокирот нишастанд ва борҳо масъалаи муайян кардани хати марзро баррасӣ карданд. Ахиран 21-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон созишномаи ниҳоии таъини хати марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расид.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 27-уми феврал, дар ҷаласаи Жогорку Кенеш (парлумони Қирғизистон) ҷузъиёти созишномаи муайян кардани марз бо Тоҷикистонро шарҳ дод. Аммо ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҷузъиёти созишнома изҳори назар накардааст.

“Азия-Плюс” бо такя ба изҳороти Қамчибек Тошиев таҳлил кард, ки кадом қитъаҳо байни ду кишвар иваз шуданд, ки метавонед дар инҷо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...