Рӯнамоии “Асарҳои мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ дар Украина

Дар шаҳри Киев, пойтахти Украина, рӯнамоии китоби асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айни бо номи “Асарҳои мунтахаб” ба забони украинӣ баргузор шуд. Ин китоб бо ташаббус ва дастгирии молиявии Бунёди Денис Парамонов аз ҷониби як нашриёт дар Харков нашр шудааст, хабар медиҳад Cафорати Тоҷикистон дар Украина. Ба гуфтаи манбаъ, рӯнамоии китоб рӯзи 27-уми феврал дар […]

Дар шаҳри Киев, пойтахти Украина, рӯнамоии китоби асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айни бо номи “Асарҳои мунтахаб” ба забони украинӣ баргузор шуд. Ин китоб бо ташаббус ва дастгирии молиявии Бунёди Денис Парамонов аз ҷониби як нашриёт дар Харков нашр шудааст, хабар медиҳад Cафорати Тоҷикистон дар Украина.

Ба гуфтаи манбаъ, рӯнамоии китоб рӯзи 27-уми феврал дар Сафорати Тоҷикистон дар Украина дар доираи маҳфили фарҳанги “Ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ” баргузор шудааст. Дар ин чорабинӣ ҳамватанони муқими шаҳр ва вилояти Киев, инчунин намояндагони зиёиёни маҳаллӣ аз Киев, Одесса ва Харков иштирок доштаанд.

Китоби мазкур достонҳои  “Марги судхӯр”, “Ҷаллодони Бухоро” ва  “Мактаби кӯҳна”-ро дар бар мегирад.

Дар ҷамъомад шарқшиноси маъруфи украинӣ Олександр Шокало, устоди Донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи Киев профессор Микола Васкив, ходими калони Донишкадаи адабии ба номи Тарас Шевченкои Академияи миллии илмҳои Украина Олга Тетерина, мудири кафедраи филологияи славянии Донишгоҳи миллии Украина Олена Дзюба, директори “Осорхонаи як кӯча” Дмитро Шлонский ва намояндаи “Бунёди Денис Парамонов” Олег Орлов ширкат ва суханронӣ кардаанд.

Дар асоси қарори Раёсати Бунёди адабии Садриддин Айнӣ зимни чорабинӣ як қатор шахсиятҳои маъруфи Украина, бахусус онҳое, ки баҳри муаррифии адабиёт, илму фарҳанги тоҷикон, тарҷума ва нашри асарҳои адибони тоҷик ба забони украинӣ заҳмат кашидаанд, бо нишони сарисинагии “Бунёди Айнӣ” қадрдонӣ шуданд.

 

Ба ҳамаи иштирокдорони маҳфили фарҳангӣ китоби сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ “Осори мунтахаб” бо забони украинӣ тақдим гардидааст.

Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли 2024 дар шаҳри Харкови Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ бо теъдоди 1000 нусха нашр шуда буд.

Дастандаркорон қаблан гуфта буданд, ки “хонандаи украинӣ дар ин китоби устод Садриддин Айнӣ бо осори нависандае ошно мешавад, ки иллатҳои иҷтимоъиро, ки асоси мушкилоту печидагиҳои зиндагии инсонҳо дар он замон, дар Бухорои бостонӣ буданд, ифшо мекунад.

“Дар баробари ин, ба назар мерасад, ки ин асарҳо имрӯзҳо низ, дар ҳоле, ки рӯзгори бисёр одамон пур аз эҳсоси дарду ранҷ аст, моҳият ва аҳамияти аслии худро гум накардаанд”, – гуфта буданд дастандаркорон.

Садриддин Айнӣ сардафтари адабиёти Шӯравии тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон аст. Театри опера ва балет дар пойтахт, як ноҳия дар Суғд ва чандин кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳо дар Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шудааст.

 

Рӯнамоии “Тоҷикон ва марзбандии соли 1924”

Ҳамчунин, дар доираи ин маҳфили фарҳангӣ китоби тозанашри “Тоҷикон ва марзбандии соли 1924” муаррифӣ шуд, ки онро сафири Тоҷикистон дар Украина, номзади илмҳои таърихӣ Давлаталӣ Назризода навиштааст.

“Дар ин китоб муаллиф аз ҳодисаҳои таърихие ёдовар мешавад, ки чӣ гуна мардуми сарбаланд, ба ору номуси мо дар ҳамон солҳои вазнин баҳри таъсиси Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии алоҳида дар Осиёи Марказӣ талош варзидаанд”, – омадааст дар иттилоияи сафорат.

Дар суханронии ифтитоҳии худ сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода дар бораи зарурати таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихормандӣ аз забону фарҳанги худ ҳарф задааст.

Сафир инчунин гуфтааст, ки ҳоло Тоҷикистон ба чорабиниҳои фарҳангие чун 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва 700-солагии шоири бузурги форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж омодагӣ мегирад.

Дар ҳошияи чорабинӣ гӯшаи Тоҷикистон бо нигораҳои миллии этнографӣ, намоиши китобҳо оид ба таърихи халқи тоҷик ва маводди таблиғотии сайёҳӣ ороста шуда, ба иштирокдорон хурокҳои лазизи миллӣ пешниҳод гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.