Боздошти як марди 41-сола дар Тоҷикистон бо гумони қатли ҳамсараш дар Русия

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба қатли собиқ ҳамсараш дар қаламрави Русия гумонбар дониста мешавад, дар Тоҷикистон боздошт шуд.

Тавре ки ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ маълум шудааст, ки ин мард ҳангоми дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия қарор доштанаш бо зани 32-солаи сокини ноҳияи Варзоб ақди никоҳи мусулмонӣ баста, лекин пас аз се моҳи ҳамзистӣ, ҳамсарон аз ҳамдигар ҷудо мешаванд.

“Рӯзи 3 феврал гумонбаршуда занро дар назди ҷойи кораш интизор шуда, баъди ба таксӣ нишастани ӯ, аз паси таксӣ равон мешавад ва таксиро нигоҳ дошта, занро зӯран аз он берун мекашад ва ба мошини худаш  савор мекунад, – омадааст дар хабар. – Сипас байни онҳо дар заминаи рашк муноқишаи лафзӣ сар зада, гумонбаршаванда аз паҳлуи чапи дари автомашина дастаи оҳанинро гирифта, ҷабрдидаро лату кӯб мекунад”.

Гуфта мешавад, дар натиҷа зан ба ҳалокат расида, гумонбаршаванда бо мақсади рӯйпуш намудани ҷиноят, ҷасади ҷабрдидаро дар ҷангал пинҳон мекунад ва ба Тоҷикистон бармегардад.

Нисбати гумонбаршуда мутобиқи моддаи 104, қисми 1 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Қаблан расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки дар вилояти Ленинград ҷасади зани фурӯшандаи мағозаи нӯшокиҳои машруботӣ, ки рӯзи 4 феврал бедарак шуда буд, дарёфт шудааст. Бародари ӯ ба мақомоти пулис муроҷиат намуда, баъди чанде маълум мешавад, ки ба куштор ҳамватани зан даст дорад. Ин мард баъди содир намудани ҷиноят ба ватан рафта, лекин боздошт мешавад. Ӯ ба куштор иқрор шуда, ҷойи пинҳон кардани ҷасадро нишон додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...