Боздошти як марди 41-сола дар Тоҷикистон бо гумони қатли ҳамсараш дар Русия

Марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба қатли собиқ ҳамсараш дар қаламрави Русия гумонбар дониста мешавад, дар Тоҷикистон боздошт шуд. Тавре ки ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ маълум шудааст, ки ин мард ҳангоми дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия қарор доштанаш бо зани 32-солаи сокини ноҳияи Варзоб ақди никоҳи мусулмонӣ баста, лекин пас аз […]

Марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба қатли собиқ ҳамсараш дар қаламрави Русия гумонбар дониста мешавад, дар Тоҷикистон боздошт шуд.

Тавре ки ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ маълум шудааст, ки ин мард ҳангоми дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия қарор доштанаш бо зани 32-солаи сокини ноҳияи Варзоб ақди никоҳи мусулмонӣ баста, лекин пас аз се моҳи ҳамзистӣ, ҳамсарон аз ҳамдигар ҷудо мешаванд.

“Рӯзи 3 феврал гумонбаршуда занро дар назди ҷойи кораш интизор шуда, баъди ба таксӣ нишастани ӯ, аз паси таксӣ равон мешавад ва таксиро нигоҳ дошта, занро зӯран аз он берун мекашад ва ба мошини худаш  савор мекунад, – омадааст дар хабар. – Сипас байни онҳо дар заминаи рашк муноқишаи лафзӣ сар зада, гумонбаршаванда аз паҳлуи чапи дари автомашина дастаи оҳанинро гирифта, ҷабрдидаро лату кӯб мекунад”.

Гуфта мешавад, дар натиҷа зан ба ҳалокат расида, гумонбаршаванда бо мақсади рӯйпуш намудани ҷиноят, ҷасади ҷабрдидаро дар ҷангал пинҳон мекунад ва ба Тоҷикистон бармегардад.

Нисбати гумонбаршуда мутобиқи моддаи 104, қисми 1 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Қаблан расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки дар вилояти Ленинград ҷасади зани фурӯшандаи мағозаи нӯшокиҳои машруботӣ, ки рӯзи 4 феврал бедарак шуда буд, дарёфт шудааст. Бародари ӯ ба мақомоти пулис муроҷиат намуда, баъди чанде маълум мешавад, ки ба куштор ҳамватани зан даст дорад. Ин мард баъди содир намудани ҷиноят ба ватан рафта, лекин боздошт мешавад. Ӯ ба куштор иқрор шуда, ҷойи пинҳон кардани ҷасадро нишон додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.