Реҷаи интиқоли барқ дар моҳи Рамазон тағйир ёфтааст

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар моҳи Рамазон реҷаи таъмини нерӯи барқ ба аҳолии кишвар тағйир ёфтааст. Ҳоло сокинон дар як шабонарӯз 8 соат барқ бояд гиранд. Субҳ аз соати 3:30 то 7:30 ва шом аз соати 17:00 то 21:30.  Дар ин бора Дӯстмурод Тоиров, сардори Раёсати маркази диспетчерии “Шабакаҳои интиқоли барқ” ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Номбурда эътироф кард, ки ин аз реҷаи муайянкардаи Вазорати энергетика ва захираҳои об, ки бояд аҳолӣ дар як шабонарӯз 10 соат барқ таъин бошанд, камтар аст ва гуфт, ин реҷа аз нимаи дуюми моҳи феврал риоя намешавад.

Сабаби ин ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, “сардии ҳаво аст”.

“Бо сабаби сардии ҳаво давоми ду-се ҳафтаи охир реҷаи интиқоли барқ ба аҳолӣ то 6-соат кам гардид”, – эътироф кард ин масъули “Шабакаҳои тақсимоти барқ”.

Вале гуфт, дар рообита ба моҳи Рамазон тасмим гирифтанд, ки реҷаи интиқоли барқро то 8 соат зиёд кунанд.

“Ба хотири имкони субҳонаву ифтор доштани сокинон соати интиқоли барқро зиёд кардем. Субҳ аз соати 3:30 то 7:30 ва бегоҳ аз соати 17:00 то 21:30 аҳолӣ бо барқ таъмин ҳастанд”, – гуфт Дӯстмурод Тоиров.

 

Имсол “лимит”-и барқ кай аз байн меравад?

Ин масъули “Шабакаҳои интиқоли барқ” ба ин саволи мо посухи мушаххас надод ва гуфт, ин ба вазъи ҳаво вобаст аст.

Ӯ зикр кард, ки дар пайи боришоти барфу борони ду ҳафтаи охир сатҳи оби дарёи Вахш кам гардидааст.

“Воридшавии об аз ҳисоби боришоти борон, гарм шудани ҳаво дар дарёи Вахш зиёд, ки гардид, ҳатман маҳдудияти интиқоли барқро аз байн мебардорем. Ҳоло ба ҳисоби миёна ба ҳолати имрӯз, 3-юми март 22-23% сатҳи об кам аст. Барфҳое, ки дар доманакӯҳҳои Рашт боридаанд, ки оби онҳо ба дарё ворид мешавад, ҳоло об нашудаанд”, – гуфт Тоиров.

Ин масъули ширкати таъминкунандаи барқ дар кишвар гуфт, ҳоло дар бораи муҳлати лағви лимити барқ чизе гуфта наметавонад, вале кӯшиш мекунанд, “маҳдудияти интиқоли барқ марҳила ба марҳила бардошта шавад”.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз моҳи октябр то апрел маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Солҳои пеш “Барқи тоҷик” вуҷуди “лимит”-и барқро дар рӯзҳои аввал эътироф намекард, аммо баъди оғози фасли зимистон, шикояти сокинон ва интиқоди раиси ҷумҳур ҳамакнун аз оғози маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинон расман хабар медиҳад.

Соли ҷорӣ аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд. Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон карда буд.

Қаблан масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфт, ки соли 2027 мушкили барқ пурра бартараф мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...