Содироти барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя қариб 3 баробар афзуд

Asia-Plus

Моҳи январи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 6,5 млн доллар нерӯи барқ содир шудааст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда 2,7 баробар зиёдтар нисбат ба моҳи январи соли гузашта (ҳудуди 2,4 млн доллар) аст.

Ҳиссаи интиқоли неруӯи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ 5,7%-ро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентӣ, содироти барқ дар моҳи январи соли равон зиёдтарин дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол аст. Дар моҳи октябр интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 3,8 млн доллар, моҳи ноябр – 4,2 млн доллар ва декабр – 6,4 млн доллар сурат гирифта буд.

Тибқи маълумоти ҶСК “Барқи тоҷик”, дар мавсими тирамоҳу зимистон неруи барқ дар ҳаҷми начандон зиёд танҳо ба Афғонистон интиқол дода мешавад. Қарордоди интиқол ба Ӯзбекистон танҳо дар мавсими тобистон амал мекунад.

Қаблан ширкати электроэнергетикии Афғонистон Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) хабар дода буд, ки барои харидории барқ дар соли 2025 бо ширкати “Барқи тоҷик” тавофуқ ҳосил кардааст. Ҷузъиёти дигаре аз ин қарордод ва гуфтугӯи ҷонибҳо дар хабар зикр нашуда буд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати энергетикаи ҶТ, соли 2024 ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ҳудуди 2,5 млрд киловатт-соатро ташкил додааст. Нерӯи барқ аз ҳама зиёдтар ба Афғонистон – 1 млрд 530,4 млн кВт/соат ба маблағи 705,2 млн сомонӣ содир шудааст. Мутаносибан нархи ҳар як киловатт-соат нерӯи барқ барои ин кишвар 46 дирам (4,2 сент)-ро ташкил додааст.

Соли гузашта ба Ӯзбекистон ба маблағи 201,2 млн сомонӣ 943,9 млн киловатт-соат нерӯи барқ содир шудааст. Ҳар 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ин кишвар 21,2 дирам (ҳудуди 2 сент) нарх доштааст.

Ҳамчунин соли 2024 аз Тоҷикистон дар ҳаҷмҳои начандон зиёд нерӯи барқ ба Қирғизистон – 4 млн киловатт-соат ба маблағи 428,7 ҳазор сомонӣ содир шудааст. Нархи ҳар як киловатт-соати он 10,7 дирам (0,98 сент)-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, аз даҳаи охири моҳи сентябр барои сокинони деҳоти Тоҷикистон реҷаи маҳдуди интиқоли барқ амал мекунад – дар як шабонарӯз ба онҳо субҳ 3 соат ва шомгоҳон – 5 соат барқ дода мешавад. Интиқоли нерӯи барқ натанҳо ба аҳолӣ, балки ба нуқтаҳои фурӯш ва корхонаҳои хурд қатъ мешавад, ки дар маҷмӯъ иқтисоди кишвар аз он ҷиддӣ зарар мебинад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...