Дар Ӯзбекистон зиёда аз 310 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият доранд

Date:

То 1 феврали соли 2025 шумораи ширкату корхонаҳо бо сармояи хориҷӣ дар Ӯзбекистон ба 15 ҳазору 163 адад расид, иттилоъ медиҳад Агентии омори назди ҳукумати ин кишвар. Аз ин шумор тақрибан 5,4 ҳазор ширкат бо ҷалби сармоягузориҳо аз дигар кишварҳои ИДМ таъсис ёфтаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Се кишвари пешсаф аз лиҳози сармоягузорӣ дар байни давлатҳои ИДМ – Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон мебошанд. Айни замон 315 корхона ва ширкат дар Ӯзбекистон бо сармояи Тоҷикистон фаъолият доранд.

Тибқи маълумоти Агентӣ, охирин чунин корхона дар моҳи январи соли ҷорӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамагӣ танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ шумораи субъектҳои нави фаъолияти иқтисодӣ бо сармояи хориҷӣ дар Ӯзбекистон 292 адад ё худ 2% зиёд шудааст.

Қобили зикр аст, ки шумораи корхонаҳо бо сармояи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар дастрасии кушод нест. Тибқи баъзе маълумот, дар ҷумҳурӣ ҳудуди 70 чунин корхонаҳо ба қайд гирифта шудааст.

Қаблан Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон хабар дода буд, ки дар қаламрави дигар кишварҳо зиёда аз 370 корхонаи муштарак амал мекунанд, ҳарчанд ҳанӯз дар соли 2017 шумори онҳо ҳамагӣ 17 ададро ташкил медод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...