Ду ҷавон дар Душанбе ба шикастани терминалҳо ва дуздии пул гумонбар дониста мешаванд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе якчанд далели шикастани терминалҳои маблағгузаронӣ ва дуздии маблағҳои пулӣ аз мағозаҳои шаҳрвандон ба қайд гирифта шуданд.

Тавре ки Раёсати ВКД-и пойтахт хабар медиҳад, кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар Рамзиддин Ризоев ва Эмомалӣ Амрохонов, сокинони 19-солаи шаҳри Душанберо дастгир намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба муайян кардани ҳолатҳои ин ҷиноят тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Раёсати ВКД дар бораи дигар ҷузъиёти ин ҳодиса ва зиёни расида аз ин амалҳо хабар намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 22 ҳазору 315 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 996 ҳолат зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст.

Соли сипаришуда аз ҳама бештар ҷиноятҳои дуздӣ – 3 ҳазору 858 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар бораи дигар ҷиноятҳои зерин низ маълумот дода шуда буд:

– қаллобӣ — 3 ҳазору 480 ҳолат;

– авбошӣ — 1 ҳазору 663 ҳолат;

– ҷиноёти марбут ба маводи нашъаовар — 745 ҳолат;

– одамкушӣ ва суиқасд ба куштор — 75 ҳолат;

– тамаъҷӯӣ — 61 ҳолат;

– таҷовуз ба номус — 41 ҳолат;

– нигаҳдории ғайриқонунӣ ва тайёр кардани силоҳ — 31 ҳолат;

– роҳзанӣ — 28 ҳолат.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...