Ду ҷавон дар Душанбе ба шикастани терминалҳо ва дуздии пул гумонбар дониста мешаванд

Дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе якчанд далели шикастани терминалҳои маблағгузаронӣ ва дуздии маблағҳои пулӣ аз мағозаҳои шаҳрвандон ба қайд гирифта шуданд. Тавре ки Раёсати ВКД-и пойтахт хабар медиҳад, кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар Рамзиддин Ризоев ва Эмомалӣ Амрохонов, сокинони 19-солаи шаҳри Душанберо дастгир намудаанд. Зимнан зикр […]

Дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе якчанд далели шикастани терминалҳои маблағгузаронӣ ва дуздии маблағҳои пулӣ аз мағозаҳои шаҳрвандон ба қайд гирифта шуданд.

Тавре ки Раёсати ВКД-и пойтахт хабар медиҳад, кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи мазкур дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар Рамзиддин Ризоев ва Эмомалӣ Амрохонов, сокинони 19-солаи шаҳри Душанберо дастгир намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба муайян кардани ҳолатҳои ин ҷиноят тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Раёсати ВКД дар бораи дигар ҷузъиёти ин ҳодиса ва зиёни расида аз ин амалҳо хабар намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 22 ҳазору 315 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 996 ҳолат зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст.

Соли сипаришуда аз ҳама бештар ҷиноятҳои дуздӣ – 3 ҳазору 858 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар бораи дигар ҷиноятҳои зерин низ маълумот дода шуда буд:

– қаллобӣ — 3 ҳазору 480 ҳолат;

– авбошӣ — 1 ҳазору 663 ҳолат;

– ҷиноёти марбут ба маводи нашъаовар — 745 ҳолат;

– одамкушӣ ва суиқасд ба куштор — 75 ҳолат;

– тамаъҷӯӣ — 61 ҳолат;

– таҷовуз ба номус — 41 ҳолат;

– нигаҳдории ғайриқонунӣ ва тайёр кардани силоҳ — 31 ҳолат;

– роҳзанӣ — 28 ҳолат.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.