Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025

Date:

Имрӯз Рӯзи байналмилалии занон аст, ки дар Тоҷикистон бо номи Рӯзи модар таҷлил мегардад.

Гурӯҳи расонаҳои "Asia-Plus" ҳамаи модарон-бонувони Тоҷикистонро бо ҷашни зебову фараҳбахш – Рӯзи модар самимона табрик мекунанд.

Ба ҳамаи онҳо тани сиҳат, дили беғам, лабони пур аз табассум, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва амалишавии орзуҳояшонро таманно дорад!

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 8 МАРТ

Соли 1932 – Бузургтарин корхонаи саноати сабуки Тоҷикистон – Комбинати абрешими Ленинобод ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2011 – Дар Душанбе назди тарабхонаи “Афсонаи ҷангал” таркиш ба амал омад, ки дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ як наврас ҷароҳат бардошт.

Соли 2013 – Роҳбарияти Осорхонаи Бритониё ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон нусхаи шаш нигора аз хазинаи Амударёро ҳамчун тӯҳфа супорид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1944 – Зодрӯзи Раҳмондӯсти Қурбониён, ҳунарпешаи театр ва синамо, коргардон ва ҳаҷвнигори тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Раҳмондӯсти Қурбониён яке аз чеҳраҳои дурахшони театр ва синамои тоҷик буда, ҳанӯз соли 1962 дар филми Кимёгаров – “Коваи оҳангар” нақши нахустини худро иҷро кардааст. Нақшҳои офаридаи Раҳмондӯсти Қурбониён дар филмҳои “Братан”, “Қош ба қош”- и Бахтиёр Худойназаров, “Ситораҳои сари танӯр”- и Сайф Раҳимзоди Афардӣ, “Баҳори як кӯча”- и Саидҷон Қодирӣ аз нақшҳои мондагори синамои тоҷиканд.

Ӯ дар дастаи фолклорӣ-этнографии “Ганҷина”, ки дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо роҳбарии  Зафар Нозимов – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, маъруф буд, ба вазифаи коргардон фаъолият намуда, солҳои гуногун дар Театри намунавии минётураи “Оина”, дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио ва дастаи “Наврӯз” ҳамчун ҳунарманд ва коргардон фаъолият кардааст.

Раҳмондӯсти Қурбониён 6 марти соли 2021 дар синни 76-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1950 – Зодрӯзи Хосият Вализода, шоираи тоҷик.

Соли 1951 – Мавлуди Худойназар Боқиев, куштигир ва ҷудокори тоҷик, Устоди варзиши Тоҷикистон.

Соли 1956 – Мавлуди Диловари Мирзо, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

Соли 1959 – Зодрӯзи Аъзамҷон Азимов, адабиётшинос, публисист ва рӯзноманигори тоҷик.

Соли 1961 – Мавлуди Қоҳир Расулзода, cарвазири Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қоҳир Расулзода

Қоҳир Расулзода 8-умин Cарвазири Тоҷикистон буда, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зода шудааст. Ӯ хатмкардаи Институти кишоварзии Тоҷикистон бо ихтисоси “муҳандис-гидротехник” буда, фаъоляити меҳнатии худро соли 1982 ба сифати техник-санҷишгари санҷишгоҳи сохтмонии иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” шурӯъ намудааст.

Баъдан дар вазифаҳои муҳандиси шуъбаи истеҳсолӣ, сармуҳандис, сардори КСМ-4, сардори иттиҳодияи “Тоҷикирсовхозстрой” фаъолият доштааст. Аз январи соли 2000 то декабри соли 2006 dазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон буд.

Солҳои 2007 то 2013 hаиси вилояти Суғд буд. 23 ноябри соли 2013 cарвазири Тоҷикистон таъин гардди ва то имрӯзин вазифаро ба eҳда дорад.

Соли 1961 – Зодрӯзи Қурбони Собир, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қурбони Собир

Қурбон Собир ҳунарпешаи саршиноси тоҷик буда, бо иҷрои нақшҳои муассир дар театру синамо дар Тоҷикистон ва берун аз он шӯҳрат пайдо кардааст. Ӯ Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Фаъолияти ҳунариаш аз Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа оғоз гардида, баъдтар соли 1990 назди устодаш Фаррух Қосимов ба Театри Аҳорун омад ва ҳунарпешаи ин театр шуд. Dfq ҳамчунин дар Театри ҷавонони Тоҷикистон ва Театри Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардааст.

Ҳунарпеша дар намоишномаҳои аз лиҳози мӯҳтаво, мундариҷа ва бандубаст комилан тоза нақшҳои асосиро иҷро кардааст, аз ҷумла, дар намоишномаҳои “Юсуфи гумгашта”, “Исфандиёр”, “Даҷҷол”, “Таърихи ишқ ва ғайра.

Нақши ӯ дар филмҳои “Орзуи иҷронашаванда”, “Чашмаи хостаҳо”, “Нерӯи ишқ”, “Дуо вора”, филми бисёрқисматаи телевизионии “Дар орзуи падар”, “Дар чашми бод” (филми бисёрқисматаи истеҳсоли Эрон) аз балоғати истеъдодаш шаҳодат медиҳанд.

Қурбони Собир инчунин муаллифи китобҳои “Фаррухнома”, “Дардҳои паси парда” ва “Як ҷоми пур аз дард” аст.

Соли 1971 – Мавлуди Давлат Сафар, Шоири халқии Тоҷикистон, муовини вазири фарҳанги кишвар.

Соли 1986 – Зодрӯзи Шуҷоат Ҷалолиддинзода, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии занон аст, ки дар Тоҷикистон бо номи Рӯзи модар таҷлил мегардад.

Соли 1910 дар Конфронси дувуми байналмилалии занони коргар дар Копенгаген раҳбари гурӯҳи занонаи Ҳизби сотсиал-демократии Олмон Клара Сеткин пешниҳод кард, ки ҳар сол дар тамоми кишварҳо як рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон ҷашн гирифта шавад.

166 сол пеш, 8 марти соли 1857 рӯйдоди дигаре ба вуқӯъ пайваст, ки далели дигари таҷлили Рӯзи байналмилалии занон мебошад. Дар ин рӯз занони коргари соҳаи нассоҷии Ню-Йорк дар кӯчаҳои Манҳеттан роҳпаймоӣ карданд ва алайҳи маоши кам ва шароити бади меҳнат эътироз намуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин корпартоӣ, ки бо номи “Роҳпаймоии дегҳои холӣ” машҳур шуд, талаби зиёд намудани маош, беҳтар кардани шароити меҳнат ва баробарҳуқуқии занонро пеш гузошт.

Рӯйдоди дигари муҳим дар таърихи 8 март соли 1910 рух дод. Зани фаронсавӣ Раймонда де Ларош аввалин зане гардид, ки иҷозатномаи халабонӣ гирифт.

Вай парвози санҷиширо бомуваффақият анҷом дода, ҳамчун аввалин зани халабон шӯҳрат ёфт. Қобили зикр аст, ки додани ин иҷозатнома дар Рӯзи занон танҳо як тасодуф буд, зеро он вақт чунин ид вуҷуд надошт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 8 МАРТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон борида, рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 7+12º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, рӯзона 2-7º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, бориши сусти борон дар назар аст. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 16+18º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бориши сусти барф ва рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 3+5º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...